"Bloomberg": "Ҳилла"-и Путин Ғарбро ба зону шинонд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ғарб наметавонад таҳдидҳои далерона алайҳи Русияро ба воқеият табдил диҳад: ба ҷойи ин худи ташаббускорони таҳримот бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуданд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳиллаи президенти Русия Владимир Путин ба кишвар кумак кард, ки аз таназзули шадиди иқтисод ҷилавгирӣ кунад. Дар ин бора "Bloomberg" менависад.
Ба гуфтаи муаллифи нашрия, ин падида ба далели гаронии қимати нафт рух додааст, ки таъсири таҳримҳоро ҳамвор мекунад.

"Маскав ба шарофати чораҳои ба эътидол овардани қурби рубл ва даромади назарраси содиротӣ аз таназзули оммавӣ канорагирӣ карда тавонист", - қайд мекунад муаллиф.

Вай таъкид мекунад, ки таҳдидҳои Ғарб барои "ба Русия зарар расондан", ҳеҷ гоҳ иҷро намешаванд. Таназзул дар кишвар назар ба пешгӯии таҳлилгарон хеле заифтар аст.
Ба ин афзоиши истеҳсоли тиллои сиёҳ мусоидат кард, ки таъсири маҳдудиятҳои ИМА ва Аврупоро хеле суст намуд.
Президент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
"Дӯстони Путин"-ро аз хонаҳои аврупоиҳо ёфтанд
Муаллиф қайд мекунад, ки Русия қобилияти аҷибе барои муқовимат ба ҳамлаи таҳримҳо нишон медиҳад, ки баръакс, бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ИМА ва кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина таҳримот ҷорӣ карданд.
Аммо, маҳдудиятҳо таъсире ба бор овард, ки ташаббускорони онҳо интизор набуданд. Ҳамин тавр, аз сабаби таҳримҳо, занҷираи таъминот вайрон шуд.
Ин ҳам дар Амрико ва ҳам дар Аврупо ба мушкилоти иқтисодӣ оварда расонд: кишварҳо бо афзоиши бесобиқаи нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ рӯбарӯ шуданд.
Байден иқрор шуд, ки таҳримҳои зидди Русия ба ИМА зарба заданд
Масалан, дар Иёлоти Муттадида таваррум дар моҳи май то ба 8,6 фоиз расид, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз моҳи декабри соли 1981 буд ва дар таърихи 10 июн нархи бензин бори аввал дар таърих аз 5 доллар барои галлон (3,7 литр) боло рафт.
Кишвардори Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои кишварҳои ғарбӣ аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ мезаданд.
Лентаи хабарҳо
0