Қазоқистон маҳдудияти содироти гандум ва ордро тамдид кард

© PixabayПшеница
Пшеница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ дар содироти ғалла ва ордро боз барои як моҳи дигар тамдид кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Квотаҳо барои содироти гандум ва орд аз қаламрави Қазоқистон то 30 сентябри соли ҷорӣ тамдид карда шуд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба Вазорати молияи кишвар хабар медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки тибқи фармони вазири кишоварзии ин кишвар, аз 5 июли соли 2022 квотаҳои содиротии гандум ба кишварҳои сеюм ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба миқдори 550 ҳазор тонна ва орди гандум ба миқдори 370 ҳазор тонна муқаррар кардааст.
Маҳдудиятҳо аз 8 июл то 30 сентябри соли 2022 эътибор пайдо мекунанд.
"Маҳдудиятҳои миқдорӣ барои содироти гандум ва орди гандумӣ ва ҷавдор бо мақсади таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Қазоқистон ҷорӣ карда мешаванд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ҳамзамон, молҳое, ки тибқи қонунгузории гумруки Қазоқистон ва ИИАО таҳти расмиёти гумрукии содирот ҷойгир ва бароварда шудаанд, то санаи эътибор пайдо кардани фармон бояд бидуни мамониат аз қаламрави ҷумҳурӣ содир карда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чунин чораандешӣ барои таъмини амнияти озуқавории ин кишвар гирифта мешавад. Мақомоти ҷумҳурӣ аз ҳоло барои тасдиқи тартиби нархгузории маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо меандешанд.
Мука на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати тамдиди маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.
Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Воридоти орд ба Тоҷикистон якбора коҳиш ёфт
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад ва боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0