Қодиров гуфт, вазифаи навбатиаш дар Украина чист

© Пресс-служба главы Чеченской Республики / Гузаштан ба хазинаи аксСборы военных в Грозном
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Чеченистон вазифаи навбатияш дар Украинаро боздошту ҳисобӣ кардан бо террористоне номид, ки замоне ба ин кишвар гурехта буданд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳабри Чеченистон дар Telegram-каналаш вазифаи навбатии худро дар чаҳорчӯби амалиёти вижа дар Украина, нобудсозии боқимондаҳои террористоне, ки аз Ҷумҳурии Чеченистон фирор кардаанд, номид.
Ӯ озодсозии ҶМЛ-ро дар ҳафтаи равон дастоварди бисёр муҳим ва тақдирсоз хонда гуфт, аммо ҳадди аққал барои мо, чеченҳо, амалиёти махсус ҳанӯз идома дорад.
"Умедворем, ки ба мо имконият дода мешавад, ки агар лозим бошад, то Киев бирасем ва боқимондаҳои террористонро, ки дар як вақт аз Ҷумҳурии Чеченистон фирор карда буданд, дастгир кунем”, - навиштааст Қодиров.
Вай афзуд, террористҳои фирорӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳоло онҳо дар Киев мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама ҷангҷӯёни Чеченистон бошиддат омодагӣ мебинанд ва лаҳзаи расидани дастури мувофиқро интизоранд.
"Барои мо масъалаи асосӣ ҳисобӣ кардан бо шайтонҳое аст, ки дар Ҷумҳурии Чеченистон бесарусомониҳое эҷод карданд. Мо муддати тӯлонӣ онҳоро ҷустуҷӯ мекардем", - афзуд Қодиров.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Володин: Амалҳои Киев Русияро маҷбур мекунад, ки амалиёти вижаро идома диҳад
Раҳбари минтақа қайд кард, ки барои маълумот дар бораи ҷойгиршавии ҷангҷӯён борҳо ҷоизаи калон эълон карда буд. Илова бар ин, аз оғози амалиёти вижа ба мушаххас кардани макони террористон таъкид шудааст.
"Танҳо як хоҳиш дорам. Ин аст, ки ба мо иҷоза дода шавад, агар лозим шавад, ҳатто ба худи Киев равем ва бо душманони хунии худ ҳисобӣ кунем. Мо танҳо ҳаминро талаб мекунем. Боқимондаашро худамон мекунем", - таъкид кард Рамзан Қодиров.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Владимир Путин аз озодии пурраи ҶМЛ гузориш дод.
Дар пайи мушакандозии нерӯҳои украинӣ ба минтақаҳои аҳолинишини Русия Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки худи Украина маҷбур месозад то мо амалиёти вижаро идома диҳем.
Лентаи хабарҳо
0