Северск - ҳадафи аслии нерӯҳои эътилофӣ

© Sputnik / Кирилл Нортон / Гузариш ба медиабонкСамоходные артиллерийский установки 2С19 "Мста-С" в зоне спецоперации на Украине
Самоходные артиллерийский установки 2С19 Мста-С в зоне спецоперации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Озодсози қаламрави Донбасс ба анҷом мерасад. Артиши Русия ва милисаи ҶМЛ-ву ҶМД барномаи ҳамла болои ҚМУ дар Славянск-Краматорскро таҳия мекунанд
Душман аз Лисичанск ақиб зада шуд ва вазифаи нерӯҳои эътилофӣ аз он иборат аст, ки дар давоми чанд рӯзи наздик дастаҳои мусаллаҳи Украинаро дар Северск, 30 километр дуртар аз Славянск ҷойгир кунанд.
Пас аз озод кардани Северодонетск-Лисичанск воҳидҳои низомии ҶМЛ ба ҷабҳаи Донетск барои ҳамла ба Северск интиқол дода мешаванд, ки Славянск-Краматорск, минтақаи истеҳкоми қувваҳои мусаллаҳи Украинаро низ фаро мегирад.
5 июл қӯшунҳои эътилофӣ ба канораҳои Северск расиданд, ки дар он ҷо душман кӯшиш мекунад, дар роҳҳои автомобилгард ва оҳан аз Шимол ба Ҷануб — аз Северск то Соледар ва Артемовск (Бахмут) хатти нави диофӣ ба вуҷуд оварад. Тӯпхонаи дурпарвози Русия ба объектҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Славянск ва Краматорск зарба мезанад. Гарнизони Авдиевкаи Украина маҳкум ба такрори сарнавишти Северодонетск ва Лисичански зери муҳосира аст.
 Донецк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Донбасс боз қалби Русия хоҳад шуд
Дар 24 соати ахир ду партобгоҳи HIMARS MLRS-и истеҳсоли ИМА ва ду анбори лавозимоти ҷангӣ, зародхонаҳои назарраси аслиҳаи мушакӣ, артиллерияи Бригадаи механиконидашудаи 57, зиёда аз 1500 хумпораи дорои калибри гуногун ва 100 системаи мушакии зиддитанкии истеҳсоли хориҷӣ дар ҳудуди ҶМД мунҳадим шуданд.
Нерӯҳои ҳавоии Русия ҳамчунин шаш посгоҳи фармондеҳӣ ва назоратӣ, аз ҷумла посгоҳҳои фармондеҳии гурӯҳи фаврии “Ҷануб”, бригадаҳои 79-уми нерӯҳои ҳавоӣ ва таҳоҷумӣ, 57-уми механиконидашудаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро “безарар” карданд. Ғайр аз ин дар рафти задухӯрд гурӯҳи низомиёни украинии системаи мушакии "Ураган" нобуд карда шуд.
Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Украина пешниҳод кард, ки воҳидҳои ҷудогона аз Северск ба Славянск ба хотири наҷоти нерӯ ва воситаҳо барои дифои Украина дар хатти ҷабҳаи Полтава – Днепропетровск - Запороже хориҷ карда шаванд. Виктор Лях, раиси мудирияти славяние, ки таҳти назорати режими Киев қарор дорад, рӯзи 5 июл дар телевизиони Украина гуфт, Ситоди кул "фурӯпошӣ"-и наздики Славянск ва Краматорскро пешгӯӣ кардааст. Дафтари президент Владимир Зеленский бештар аз имиҷи сиёсати хориҷӣ ва интригаҳои сиёсии дохилӣ нигарон аст.

ҚМУ, гира, ҳалқа ва ғайринизомисозӣ

Қӯшунҳои рус аз Шимол ба самти деҳаи Долина — 15 километр дуртар аз Славянск, аз Шарқ дар канори Северск ҷанг карда, аз ҷануб ба Соледар — 6 километр дуртар аз Артемовск (Бахмут) ҳуҷум мекунанд.
Эҳтимол ба қарибӣ мо дар харита "гира" ва "ҳалқа"-ҳои анъанавиро хоҳем дид, ки ба мо имкон медиҳанд, нерӯҳои Украинаро дар Донбасс комилан барҳам диҳем, ба сарҳадҳои нав бирасем ва душманро ба Ғарб бештар тела диҳем.
Дар ғарби Славянск даштҳои беканори Украинаи соҳили чап оғоз меёбанд. Масофаи назарраси байни марказҳои минтақаӣ ба қувваҳои мусаллаҳи Украина имкон намедиҳад, ки "гир уфтанд" ва хатти мустаҳками дифоъ эҷод кунанд. "Ҷабҳаи Шарқӣ" ба сӯйи Днепропетровск, Запороже, Николаев ҳаракат мекунад. Ва шояд Харков дар навбати аввал озод шавад.
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Макгрегор аз хатари нестшавии Украина дар харитаи ҷаҳонӣ гуфт
Рӯзи 6 июл раиси мудирияти мадании вилояти Харков аз хоҳиши мардуми сарзаминҳои озодшудаи ин вилоят барои бозгашт ба Русия хабар дод. Миқёси амалиёти вижаи Русия барои ғайринизомисозии як давлати душмани ҳамсоя инчунин бо ҳамлаҳои мушакӣ ба ҳадафҳо дар ақибгоҳи амалиётии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Одесса, Хмелнитский ва дигар минтақаҳои ғарбии Украина тасдиқ мешавад.
Аз сӯйи дигар тактикаи Киев дар "ҷабҳаи шарқӣ" силсилаи "Квартали 95-ум"-ро ба ёд меорад, ки ҳадафаш ба даст овардани таъсири беруна, нашри матолиби пурсарусадо дар матбуот ва ҳифзи маблағгузории Ғарб мебошад.
Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Украина бо мавҷҳои сафарбаркунӣ, истифодаи ошкори террористон ва истифодаи аҳолии осоишта ҳамчун сипари зинда, тирборони шаҳру деҳоти Донбасс "кӯшиш мекунад, ки пешравии нерӯҳои Русияро коҳиш диҳад".
Бритониё як барномаи вижаи омӯзишии сеҳафтаии сарбозони украиниро дар қаламрави кишварҳои НАТО оғоз карда ва ваъда додааст, ки ҳар чаҳор моҳ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина 10 000 “нерӯ” медиҳад. Ба гуфтаи сарвазири Британия Борис Ҷонсон, ин вазъияти ҷабҳаро "ба таври куллӣ" тағйир медиҳад.
Тасодуфӣ нест, ки нашрияи бритониёии “The Telegraph” қайд кардааст, шарикони ғарбӣ интизор доранд, қувваҳои мусаллаҳи Украина мавҷи амалиёти ҷангиро "то тирамоҳ" дигар кунанд. Агар динамикаи Русия дар ташкили "гира" ва "ҳалқа"-ҳо барои нерӯҳои Украина бетағйир боқӣ монад, ИМА ва НАТО маҷбур мешаванд, ки кӯмаки низомиро коҳиш диҳанд.
Барои Ғарб дарки воқеияти ҷаҳони бисёрқутбӣ душвор аст, аммо пас аз Афғонистон шикасти ҳарбӣ (ташаккул) ҳанӯз ҳам беҳтар аз нобудии оштинопазири кишварҳои НАТО бо оташи ҳастаӣ аст.
Зимние виды Калининграда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Калининград – ханҷаре дар миёни шонаҳои НАТО
Ходимони матчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Украина, ГМУ ва ХАУ ба раванди ғайринизомисозии режими Киев фаъолона ҳамроҳ мешаванд. Нашрияи “Bulgarian Military” хабар дод, ки як гурӯҳ аз низомиёни украинӣ ду тӯпхонаи худгарди CEESAR-и фаронсавиро ба ҷониби Русия ба маблағи 240 ҳазор доллар (бо арзиши аслии чанд миллион) фурӯхтааст.
"Бозори сиёҳ"-и аслиҳа хеле пештар ташкил шуда буд. Дар Украина шумо метавонед системаи зиддитанкии FGM-148 “Javelin”-ро ҳамагӣ бо нархи 30 000 доллар харидорӣ намоед. Як сандуқи партоби мушаки зиддитанкии ҳидоятшаванда бо мушак 175 000 доллар, як воҳиди идоракунӣ 295 000 доллар ва тамоми маҷмуа бо нархи соли 2020 тақрибан 470 000 доллар арзиш дорад.
Силоҳҳои ғарбӣ аксари вақт дар Украина "гум" ва ба кишварҳои Осиё ва Африқо фурӯхта мешаванд. Ҳамин тариқ хоҳиши "заиф кардани Русия" ба созмондиҳандагон ва сарпарастони "лоиҳаи украинӣ" таъсири манфӣ мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0