Раҳбари ТУТ афзоиши мизони COVID дар ҷаҳонро эълон кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксXIV Евразийский экономический форум в Вероне
XIV Евразийский экономический форум в Вероне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба гуфтаи раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, дар Ҳиндустон як зергунаи нави вирус кашф шудааст, ки созмон онро назорат мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейесус, директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, дар ду ҳафтаи охир шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон 30 дарсад афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Дар ду ҳафтаи охир теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар ҷаҳон тақрибан 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз шаш зерминтақаи ТУТ ҳафтаи ахир дар чаҳортоаш афзоиши шумори мубталоён ба ин беморӣ мушоҳида шудааст",- гуфт раиси ин созмон.
Вай қайд кард, ки мавҷи навъҳои коронавируси BA.4 ва BA.5 дар Аврупо ва Амрико паҳн мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар Ҳиндустон як зернамуди нави BA.2.75 кашф шудааст, ки созмон онро назорат мекунад. Дар робита ба ин, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз аҳамияти ташхис ва эмгузаронӣ ёдовар шуд.
"Бо тағирёбии вируси COVID-19, эҳтиёткорӣ, эмкунӣ, ки то ҳол воқеан дар пешгирии шаклҳои вазнини беморӣ ва марг муассир аст, заиф мешавад. Паст шудани масуният аҳамияти реваксинатсияро, бахусус барои гурӯҳҳои хавфнок ҳатмӣ мегардонад", - гуфт раҳбари ТУТ.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Тоҷикистон назорати беҳдоштиро дар марз пурзӯр кард
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз афзоиши беморӣ хабар доданд. Дар Нурсултон гуфтанд, ки ба мавҷи нави беморӣ омодагӣ мегиранд.
Тоҷикистон бошад, барои пешгирӣ назорат дар гузаргоҳҳои марзиро шадидтар мекунад.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки чораандештҳо бодарназардошти вазъ дар кишварҳои минтақа гирифта шудааст.
Онишенко: Ҳанӯз дар бораи поёни пандемия чизе гуфтан барвақт аст
Вай таъкид намуд, дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд. Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт.
Дар зимн ҳич маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0