Дар Душанбе нахустин Қаҳрамонии футболи занон дар таърихи CAFA оғоз мешавад

© Федерация футбола ТаджикистанаЖенская сборная Таджикистана по футболу
Женская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин чемпионати футбол байни дастаҳои занона дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Рӯзи 8-уми июл дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои аввали мусобиқоти Қаҳрамонии футболи CAFA 2022 байни занон баргузор мешаванд.
Ҳамин тариқ, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ бозии нахустин миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Эрон оғоз шуда, соати 22:00 футболбозони Тоҷикистон вориди майдон мешаванд.
Мушкилоти футболи занона дар Тоҷикистон ошкор шуд
Рақиби тоҷикдухтарон дастаи Туркманистон хоҳад буд.
Ин аввалин чемпионати футбол байни дастаҳои занона дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар он 5 даста, аз ҷумла, варзишгарони Ӯзбекистон иштирок мекунанд.
Мусобиқот то 20 июл идома ёфта, аз 5 давр иборат аст. Ҷадвали онҳоро Федератсияи футболи Тоҷикистон нашр кардааст.

Даври 1- ум

8 июл (ҷумъа)
19:00 — Қирғизистон — Эрон;
22:00— Туркманистон — Точикистон.

даври 2-юм

11 июл (душанбе)
19-00 — Туркманистон — Қирғизистон;
22:00 — Тоҷикистон — Ӯзбекистон.

даври 3-юм

14 июл (панҷшанбе)
19:00 — Ӯзбекистон — Туркманистон;
22:00 — Эрон — Тоҷикистон.

даври 4-ум

17 июл (якшанбе)
19:00 — Эрон — Туркманистон;
22:00 — Қирғизистон — Ӯзбекистон.

даври 5-ум

20 июл (чоршанбе)
19:00 — Ӯзбекистон — Эрон;
22:00 — Тоҷикистон — Қирғизистон.
Тибқи низомнома, қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занона аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Юсуф Рабиев гуфт, ки тими миллӣ дар ҳар бозӣ тамоми талош ва нерӯи худро нишон медиҳад.
"Рақиби аввалини мо тими миллии Туркманистон аст. Бозӣ осон нахоҳад буд, вале мо танҳо барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0