“Foreign Policy”: Як қисми мардуми Амрико аз Путин ҳимоят мекунад

Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нашрияи “Foreign Policy” дар як мақолаи ахири худ навиштааст, ки як қисми амрикоиҳо аз сиёсати раисҷумҳури Русия ҳимоят мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Нашрияи "Foreign Policy" менависад, низоъ дар Украина боиси парокандагии ҷомеаи Амрико шудааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Тавре нашрия қайд кардааст, як қисми амрикоиҳо аз сиёсати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пуштибонӣ карда, ба равон кардани силоҳи нав ба Киев мухолифат карданд.
"Маскав дар Иёлоти Муттаҳида шарикони фаъол пайдо кардааст. Аксари аъзоёни ҳизби ҷумҳурихоҳон ошкоро тарафи Русияро гирифтанд",- таъкид кардааст муаллифи мақола.
Ӯ қайд кардааст, ки ин гуна мавқеъро ҳам ростгаро ва ҳам чапгаро гирифтаанд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Роҳбари толибон: Бо Амрико ва тамоми ҷаҳон хостори муносибати “қавӣ ва нек” ҳастем
Барои мисол, яке аз онҳо Такер Карлсон, барандаи як барномаи маъруфи амрикоӣ дар шабакаи телевизионии Fox News аст, ки аз сиёсати Кремл "тарафдорӣ" мекунад.
"Дар ҳамин ҳол, рӯшанфикрони чапгарои амрикоӣ Ноам Хомский тавсеаи НАТО-ро сабаби аслии низоъ дар Украина донист", илова кардааст муаллиф.
Ӯ қайд кардааст, ки бисёриҳо сиёсати президенти Украина Владимир Зеленскийро танқид мекунанд.
Ҳамаи ин вокеаҳо тақсимшавии дар дохили ИМА нишон медиҳад. Мқаллиф қайд мекунад, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Вашингтон пеш аз ҳама бояд дар навбати аввал мушкилоти дохилиро ҳал кунад.
Капитолий, здание в Вашингтоне, где заседает конгресс США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Узви Конгресси ИМА аз мақомоти Амрико даъват кард, ки аз НАТО хориҷ шавад
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия дар Украина, Вашингтон ва муттаҳидонаш дар НАТО ба равон кардани аслиҳа ба Украина идома медиҳанд. Маскав борҳо изҳор доштааст, ки равон карани силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро тамдид мекунад ва ҳамлу нақли ин силоҳҳо ҳадафи қонунии Нерӯҳои мусаллаҳи Русия хоҳанд шуд.
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифта буданд."
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, вазифаҳои асосии марҳилаи аввал аллакай иҷро шудаанд – иқтидори ҷангии Украина ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ҳадафи асосиро Русия озодкунии Донбасс медонад.
Лентаи хабарҳо
0