Табодули паём миёни президентҳои Маҷористону Тоҷикистон: дар Душанбе консулгарӣ мекушоянд

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Маҷористон ҳамдигарро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, хонум Каталин Ева Верешне-Новак, президенти Маҷористонро бо 30-солагии равобити дипломатӣ шодбош гуфтаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки дар тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд, силсилаи мулоқоту тамосҳои сатҳи олӣ нақши муассир доштанд.
Раҳмон манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари муносибот бо Маҷористон таъкид намудаст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Сафирони даҳ давлат ба Эмомалӣ Раҳмон паёми раисҷумҳурон ва эътимоднома супурданд
"Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид", - омадааст дар паём.
Хонум Каталин Ева Верешне-Новак низ дар паёмаш ба Раҳмон аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.
"Умедворам, ки ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Маҷористон ба наздикӣ дар Душанбе ба ҷаҳду талошҳои муштараки мо такони тоза хоҳад бахшид", - афзудаст ӯ.
Вай итиминон додааст, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими шарикӣ бо Тоҷикистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Хонум Каталин Ева Верешне-Новак ба Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом ва дар кораш дастовардҳои беш аз пеш таманно кардааст.
Лентаи хабарҳо
0