Маконҳои забҳи чорво барои қурбонӣ дар шаҳри Душанбе - тасвирбаён

Обуна шудан
Рӯйхати ҷойҳои муайяншудаи муваққатӣ барои забҳи чорво дар Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе маълум шуд. Иди Қурбон дар кишвар рӯзи 9 июл ҷашн гирифта мешавад
Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, дар чор ноҳияи пойтахт ҷойҳои махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст.
Бар тибқи рӯйхате, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон гардидааст, аз ҳама беш кушторгоҳҳо дар ноҳияи Сино ташкил шудааст. Сокинони ин ноҳия дар Иди Қурбон имкон доранд дар 20 ҷой гӯсфанд қурбонӣ кунанд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ панҷ ҷой, аз кӯчаи Қаҳҳоров то маҳаллаи Қаротегин кушторгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон
Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳашт ҷои вижа аз маҳаллаи Бадахшон-2 то маҳаллаҳои Яккатут ва Чилмеҳроб барои сокинон омода шудааст.
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ имкон доранд чорворо дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди Маркази гармидиҳӣ-2 қурбон кунанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Иди Қурбон ба 9 июл рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Шароити баргузории Иди Қурбон
Намози ид дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.
Дар робита ба иди мазкур тоҷикистон се рӯзи истироҳатӣ доранд, зеро рӯзии ид ба рӯзи шанбе рост меояд ва тибқи қавонини кишвар рӯзи баъдии корӣ истироҳатӣ эълон мешавад.
Лентаи хабарҳо
0