Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нобудсозии ду "Harpoon"-и бритониёӣ дар Украина

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкИспытания российской гиперзвуковой ракеты "Циркон"
Испытания российской гиперзвуковой ракеты Циркон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Низомиёни Русия тайи рӯзҳои охир дастгоҳҳои ҷангии ғарбиро, ки ба Украина интиқол дода шудаанд, нобуд кардаанд, хабар дод Вазорати мудофиаи ин кишвар
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Артиши Русия бо мушакҳои баҳрии дақиқияташон баланд 2 маҷмааи соҳилии мушакафкани "Harpoon"-ро, ки Бритониёи Кабир ба Украина додааст, нобуд кард.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия дастгоҳҳои бритониёӣ дар вилояти Одесса мавриди зарба қарор гирифтаанд.
"Бо силоҳи баҳрии дорои дақиқияти баланд дар наздикии шаҳраки Лимани вилояти Одесса, 2 маҷмааи мушакии соҳилии "Harpoon", ки аз Британиёи Кабир оварда шудааст, нобуд карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин дастгоҳи партоби мушакҳои "Точка-У" ва беш аз 150 сарбозу афсари украинӣ дар Донетск ҳадафи зарба қарор гирифтаанд.
Қаблан 2 дастгоҳи партоби мушакии навъи HIMARS-и амрикоӣ дар Донетск нобуд карда шуданд. Таъкид шуда буд, ки якҷоя бо ин маҷмааҳои низомӣ ҳамчунин ду анбори аслиҳаи низомӣ низ вайрон карда шудааст.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Путин: Русия дар Украина то ҳол ба таври ҷиддӣ иқдом накардааст
Пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд.
Вазорати умури хориҷии Русия эълон карда буд, ки интиқоли силоҳ ба Украина танҳо даргириҳои низомиро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои гузошташудаи амалиёт таъсире нахоҳад дошт.
Дар зимн мақомоти Русия борҳо таъкид намуданд, ки силоҳҳои интиқолии ғарбиро ба Украина ҳадафи қонунии зарбаҳои худ медонад.
Лентаи хабарҳо
0