Рабиев фаворитҳои CAFA-ро номбар кард: тими занонаи Тоҷикистон миёни онҳост?

© ФФТСармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев
Сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сармураббии мунтахаби занонаи Тоҷикистон пеш аз оғози ин сабқати бонуфуз фаворитҳоро ном бурд ва гуфт, аз тими тоҷикон чиро интизор аст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Сармурабии дастаи занонаи футболи Тоҷикистон Юсуф Рабиев гуфт, мунтахаби занонаи Тоҷикистон талош мекунад, ки дар ҳар бозии CAFA-2022 ҳунарнамоии беҳтарин нишон диҳад.
Ин интизориҳои худро сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев дар бораи Қаҳрамонии нахустини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баён кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ФФТ.
Дар баробари ин мутахассиси тоҷик ду фаворити ин қаҳрамониро ном бурд.
Ба андешаи ӯ, фаворитҳои асосии қаҳрамонӣ дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон ба шумор мераванд, дастаҳои боқимонда тақрибан дар як сатҳанд.

"Мо ба бозӣ омода мешавем. Рақиби аввалини мо тими миллии Туркманистон аст. Бозӣ осон нахоҳад буд, аммо мо танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем", — иброз дошт Юсуф Рабиев.

Рабиев афзуд, ки ки чемпионати CAFA мусобиқаи хеле муҳим ва муфид аст. Ҳама дастаҳо чаҳор бозӣ мекунанд ва таҷрибаи бебаҳо мегиранд.
Женская национальная сборная Таджикистана не вошла в финальную часть кубка Азии-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Мушкилоти футболи занона дар Тоҷикистон ошкор шуд
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур дастаи Тоҷикистон бо яккачинҳои Туркманистон (8 июл), Ӯзбекистон (11 июл), Эрон (14 июл) ва Қирғизистон (20 июл) бозӣ мекунад.
Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0