Сарвазири собиқи Ҷопон Шинзо Абэ пас аз суиқасд даргузашт

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкВосточный экономический форум. День второй
Восточный экономический форум. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Бо вуҷуди талошҳои зиёди табибон ва пизишкони бемористони Донишгоҳи Нара нахуствазири собиқи Ҷопон бинобар захм бардоштан аз ду тир ҷон дод
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Сарвазири пешини Ҷопон Синдзо Абэ бар асари захмҳои дар паи суиқасд бардоштааш, ҳангоми суханронии пешазинтихоботии худ, даргузашт.
Вай 67-сола буд. Ҳодиса дар шаҳри Нара тақрибан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ, вақте рух дод, ки сиёсатмадор дар кӯча дар назди мардум суханронӣ мекард.
Собиқ сарвазирро дар беморхонаи Донишгоҳи Нара бистарӣ карда буданд, ҳолаташ вазнин арзёбӣ шуда буду, "дилу шушҳо" аз кор монда буданд.
Дар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст.
Ӯ бо иттиҳоми суиқасд ба куштор боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.
Видеои лаҳзаи тирпарронӣ сӯи Абэ: Нахуствазири пешин дар чӣ ҳол асту ҳамлагар кист?
Ин дар ҳолест, ки Ҷопон дар арафаи интихобот ба палатаи болоии парлумон қарор дорад, ки 10 июл барпо мегардад ва феълан маъракаи пешазинтихоботӣ давом дорад.
Сарвазири собиқ Абэ дар ҷараёни суханронии худ яке аз номзадҳои Ҳизби либерал демократиро дастгирӣ кард. Вай ба бузургтарин фраксияи ҳизби ҳоким роҳбарӣ мекунад ва аз нуфузи бузурги сиёсӣ бархурдор аст.
Пас аз ҳамла ба сиёсатмадори шинохта, сардори ҳозираи ҳукумат Фумио Кишида сафари пешазинтихоботии худро қатъ карда, ба Токио баргаштааст.
Сӯиқасд ба ҷони Абэ: Сарвазири собиқи Ҷопон шадидан захмӣ шуд - видео
Абэ аз сентябри соли 2006 то сентябри соли 2007 дар сари ҳизби ҳоким буд ва аз декабри соли 2012 то сентябри соли 2020 нахуствазир.
Моҳи августи соли 2020 ӯ барои муддати тӯлонии дар вазифаи сарвазир будан, дар таърихи Ҷопон рекордсмени мутлақ гардид.
Худи ҳамон моҳ ӯ эълон кард, ки бо сабаби бад шудани саломатиаш ба нафақа мебарояд. Дар моҳи ноябри соли 2021, Абэ раҳбари бузургтарин фраксияи ҳизби либерал-демократӣ шуд ва мавқеи худро ҳамчун яке аз сиёсатмадорони тавонои Ҷопон мустаҳкам кард.
Лентаи хабарҳо
0