Суиқасд ба ҷони Абэ: сарвазири собиқи Ҷопон шадидан захмӣ шуд - видео

© AP / Rodrigo Reyes MarinПремьер-министр Японии Синдзо Абэ
Премьер-министр Японии Синдзо Абэ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сиёсатмадор аз ҷойи ҳодиса ба бемористон интиқол дода шуд. Ҳамлагари сарвазири собиқи Ҷопон боздошт гардид, то ҳол ҳадафи ҳамлаи ӯ мушаххас нест
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ ҳангоми суханронии пешазинтихоботии худ дар шаҳри Нара тир хӯрд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ менависанд.
Сиёсатмадор сахт маҷруҳ шуда, ба бемористон бурда шуд. Эҳтимол меравад, Абэ дар ҳолати марги қарор дорад.
Ба гуфтаи пулис, ба сарвазири собиқи Ҷопон аз пушт бо туфангча тир холӣ кардаанд.
Ҳамлагар боздошт шуда, ҳангоми боздошт ба нерӯҳои амниятӣ муқовимат накардааст. Ҳадафҳои ӯ ҳанӯз маълум нест.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки онҳо Абэро дар ҳоли хунравӣ дидаан ва дар вай ҳеҷ нишонаи зиндагӣ зоҳир намешуд.
Пас аз ҳамла ба сиёсатмадор дар дафтари нахуствазири Ҷопон як маркази бӯҳронӣ таъсис дода шуд. Сардори ҳозираи ҳукумат Фумио Кишида сафари пешазинтихоботии худро қатъ карда, фавран ба Токио баргашт.
Бояд гуфт, ки дар Япония дар арафаи интихоботи дар пешистодаи палатаи болоии парлумонт, ки 10 июл барпо мегардад, маъракаи интихоботӣ давом дорад.
Сарвазири собиқ Абэ дар ҷараёни суханронии худ яке аз номзадҳои Ҳизби либерал демократиро дастгирӣ кард. Вай ба бузургтарин фраксияи ҳизби ҳоким роҳбарӣ мекунад ва аз нуфузи бузурги сиёсӣ бархурдор аст.
Абэ дар садри ҳизб аз сентябри соли 2006 то сентябри соли 2007 ва аз декабри соли 2012 то сентябри соли 2020 нахуствазир буд.
Моҳи августи соли 2020 ӯ рекордгузори мутлақ барои муддати тӯлонӣ дар вазифаи сарвазир дар таърихи Ҷопон гардид. Худи ҳамон моҳ ӯ эълон кард, ки бо сабаби бад шудани саломатиаш ба нафақа барояд.
Моҳи ноябри соли 2021, Абэ раҳбари бузургтарин фраксияи ҲЛД шуд ва мавқеи худро ҳамчун яке аз сиёсатмадорони тавонои Ҷопон мустаҳкам кард.
Лентаи хабарҳо
0