Таҷдиди бузургтарин пул дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ

Грузовик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар яке аз шоҳроҳҳои машҳури Тоҷикистон пули азиме таъмир шуд: корҳои барқарорсозии он моҳи сентябри соли 2021 оғоз шуда буданд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ширкати IRS бозсозии пули воқеъ дар километри 267-уми роҳи "Душанбе-Чанак"-ро анҷом додааст. Дар ин бора сомонаи "SugdNews" бо такя ба филиали ширкати менависад.
Дар маросими ифтитоҳи пул раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода, собиқадори меҳнат Ғолибҷон Фозилов ва чанд нафари дигар ширкат доштанд.
Иштирокдорони чорабинӣ қайд карданд, ки ин пул як иншооти муҳим барои ҳаракати бемамоният ва бехатари мошинҳо дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанак" мебошад.
Дарозии ин иншоот, ки соли 1962 сохта шудааст, беш аз 70 метрро ташкил медиҳад.
Министр транспорта Республики Таджикистан Худоёрзода Худоёр Завкибек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
"Гарон беҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи хадамоти IRS боло рафт
Қарор дар бораи таъмири пул дар моҳи марти соли 2021 аз ҷониби комиссияи махсус қабул шудааст. Ба ҳайати он намояндагони Вазорати нақлиёт, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар ва ширкати IRS шомил буданд.
Бозсозӣ 12 сентябри ҳамон сол оғоз ёфт. Пас аз корҳои барқарорсозӣ паҳнои ин иншоот зиёда аз 10 метрро ташкил медиҳад, инчунин гузаргоҳи пиёдагардро дар бар мегирад.
Дар таъмири пул 45 нафар бинокорон ва 15 воҳиди техникаи махсус ҷалб карда шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2022 IRS нархи чиптаҳои рафтуомад дар шоҳроҳро боло бурд. Чунин тадбирҳоро дар ширкат бо афзоиши қимати мавод ва афзоиши таваррум шарҳ додааст.
Лентаи хабарҳо
0