Видеои лаҳзаи куштори Абэ ҳангоми суханронияш дар кӯча

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Марҳум солҳои 2006-2007 ва 2012-2020 сарвазири Ҷопон буда, беш аз ҳар каси дигар дар таърихи ин кишвар дар ин мақом фаъолият кардааст
Шабакаи телевизионии NHK видеои лаҳзаи ҳамла ба собиқ сарвазири Ҷопон, Синдзо Абэро нашр кардааст. Ӯ замоне ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар кӯча суханронии пешазинтихоботӣ дошт.
Бар асоси навор, ҳамлагар ду бор тир холӣ кардааст ва сиёсатмадор дар пайи тири дуюм аз пой афтидааст.
Ҳамла тақрибан соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Нара рух додааст. Собиқ сарвазирро дар беморхонаи Донишгоҳи Нара бистарӣ карданд, аммо талоши табибон барои наҷоташ натиҷа надодаст.
Эмомалӣ Раҳмон қатли Абэро маҳкум карду аз некиҳояш ёд намуд
Дар мавриди ҳамлагар зикр шудааст, ки ӯ сокини 41-солаи маҳаллӣ Тесуя Ямагами мебошад, ки дар гузашта дар нерӯҳои дарёии мудофиаи Ҷопон кор кардааст. Ӯ дар ҷои ҳодиса боздошт шуда, дар бозпурсиҳои аввал сабаби ин корашро норозигӣ аз сиёсати Абэ хондааст.
Марҳум солҳои 2006 - 2007 ва 2012 - 2020 сарвазири Ҷопон буда, беш аз ҳар каси дигар дар таърихи кишвар дар ин мақом фаъолият доштааст. Баъди барканорӣ низ аз сиёсатмадорони фаъоли кишвар буда, аз эътибори зиёд дар Ҷопон бархӯрдор буд.
Роҳбарони бисёри кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба кушта шудани Абэ паёми таслият фиристодаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи марговар ба Абэро маҳкум намуда, ба роҳбарияту мардуми Ҷопон изҳори ҳамдардӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0