Коршинос гуфт, кадом омил метавонад долларро то 80 рубл бирасонад

© Sputnik / Нина ЗотинаДолларовые купюры
Долларовые купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршиноси умури иқтисод мегӯяд, ки лағви маҳдудиятҳо барои хуруҷи сармоя дар Русия қурби долларро ба 80 рубл мерасонад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Лағви маҳдудиятҳо барои хуруҷи сармоя дар Русия, ҳатто қисман, долларро ба ҳудуди 80 рубл мабарорад, гуфт Антон Прокудин, иқтисоддони ширкати In"Ингосстрах-Инвестиции" дар суҳбат бо РИА "Новости".
Қаблан комиссияи ҳукуматии назорати сармоягузориҳои хориҷӣ ба ширкатҳои русӣ иҷоза дода буд, ки қарзҳои худро пеш аз муҳлат бо асъори хориҷӣ ба бонкҳои хориҷӣ то 1 сентябри соли ҷорӣ баргардонанд, ба шарте ки пардохт на камтар аз 20 дарсади маблағи қарзро ташкил диҳад.
Маблағи умумии қарзҳо аз банкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ қариб 400 миллиард долларро ташкил медихад (ба ғайр аз коғазҳои қиматнок), қайд мекунад коршинос.
"Ифтитоҳи ҳисоби молиявӣ (ҳатто қисман), дар баробари барқарорсозии воридот, ки танҳо дар моҳи май оғоз шуд, шарти зарурии тағйири тамоюли қурби доллар ба 80 рубл мебошад", - мегӯяд коршинос.
Прокудин бар ин назар аст, ки то охири сол қурби доллар дар ҳудуди 80-90 рубл қарор мегирад ва дар чунин сурат, қурби миёнаи асъор дар сол барои як доллар каме камтар аз 80 рублро ташкил медиҳад.
Қаблан Богдан Зварич, сармутахассиси умури молиявии Banki.ru гуфта буд, ки барои таҳкими доллар дар сатҳи 70 рубл, тағйироти куллӣ лозим аст, ба мисли таъсиси занҷирҳои нави воридотӣ.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Қурби рубл дар биржаи Маскав поин рафт
Зварич таъкид кард, ки тағйирёбии қурби асъор ба ширкатҳои марбут ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ сахт зарба мезанад, зеро он пешгӯии гардиши пули нақдро коҳиш медиҳад.
"Илова бар ин, коҳиши якбораи қурби рубл метавонад ба таваррум тавассути болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ таъсири манфӣ расонад”, — гуфт иқтисоддон.
Дар баробари ин Андрей Белоусов, ноиби аввали сарвазири ФР мегӯяд, қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл аст.
Лентаи хабарҳо
0