Мирзаян: Кӯшиши "нодида гирифтани Лавров дар нишасти G20 нотавонии Ғарб аст"

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бо вуҷуди он ки G20 ба чанд гурӯҳи гуногун тақсим шуд, бисёре аз кишварҳо дар ин нишаст нисбат ба Русия мавқеи бетарафиро интихоб карданд
Дар Индонезия дар чаҳорчӯби нишасти G20 нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои G20 баргузор шуд, ки дар он вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкат дошт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, Лавров "набудани бойкотгаронро пайхас накардааст" ва дар ҷараёни зиёфат чанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Ӯ гуфт, Блинкен дар бораи инзиво достонсароӣ кардааст, аммо дар асл чунин набуд.
"Ҷаноби Блинкен, шумо ҳастед, ки бо нодида гирифтани як қатор бахшҳои ин нишаст худро дар инзивоъ қарор додед, дар ҳоле ки аксарият шуморо ҳатто дар ёд надоранд (ба шумо муроҷиат накардаанд)", - навишт Захарова.
Ба гуфтаи, Геворг Мирзаян, дотсенти кафедраи коммуникатсияи оммавӣ ва тиҷорати ВАО-и Донишгоҳи молии назди ҳукумати Русия воқеан амалкарди сарони фузарои хориҷаи кишварҳои ғарбӣ шармовар буд, зерои барои баррасии масоили вижа омадаву масхарабозиро пеша карданд.
Ӯ гуфт, кишварҳои ғарбӣ дигар тавони вориди гуфтугӯ шудан барои идораи равандҳои сиёсӣ нестанд.
Украина, истеъфои Ҷонсон ва суиқасд ба ҷони Абэ: суханронии Лавров дар G20
Оё Ғарб тавонист Русияро комилан инзиво кунад ва ҷаҳон чӣ гуна ба ду гурӯҳ ҷудо шуд? Ҷойи Ҷонсонро, ки дар Бритониё истеъфо дод, кӣ хоҳад гирифт ва равобити Русияву Бритониё беҳтар мешавад?
Дар сиёсати дохилии давлатҳои калонтарини Аврупо чиҳо руй медиҳанд? Дар ин бора мусоҳибаи Геворг Мирзаян бо Sputnik-ро бубинед.
Лентаи хабарҳо
0