Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чӣ гуна Русия барои сокинони Мариупол барномаи офиятбахшӣ ташкил кардааст?

© Фото из личного архива Анны КонстантиновойЖители Мариуполя рассказали, как проходят реабилитацию в России
Жители Мариуполя рассказали, как проходят реабилитацию в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Барномаи барқарорсозӣ барои сокинони Мариупол дар Солнечногорск барои сӣ рӯз пешбинӣ шудааст. Баъди ин истироҳаткунандагон мехоҳанд ба зодгоҳашон баргарданд
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ёздаҳ хонавода аз Мариуполи озодшуда имрӯз дар Солнечногорски назди Маскав қарор доранд.
Дар бораи он, ки меҳмонон дар заминаи маҷмааи варзишии Олимп чӣ гуна зиндагӣ мекунанд аз гузориши Sputnik бохабар шавед.

Хушбахтона зинда мондем

Меҳмонони марказ ҳангоми мусоҳиба хоҳиш мекунанд, ки дар бораи тирпарронӣ ва таҳхонаҳои нам, ки ҳафтаҳо дар он зиндагӣ мекарданд, зиёд напурсанд. Онҳо мегӯянд, ки ин хотираҳо басандаанд.
Бисёриҳо андӯҳи шахсӣ доранд - хешовандони фавтида, дӯстон, хонаҳои харобшуда.
"Бо сухан намешавад онро тавсиф кард. Муносибати хеле бераҳмонаи сарбозони украинӣ вуҷуд дошт. То ворид шудани нерӯҳои Русия ва нерӯҳои ҶМД чунин буд, танҳо баъд осонтар шуд", - гуфт Светлана Белих, як сокини Мариупол дар суҳбат бо Sputnik.
Светлана бо духтараш ба маркази тавонбахшӣ омад. Дар асл, мисли ҳама. Дар ин ҷо мардҳо нестанд, танҳо занону кӯдакон.
Вай мегӯяд, ки рӯзҳои аввал дар вилояти Маскав ба хомӯшӣ одат карда наметавонист. Ва ҳатто ҳангоми суҳбат ҳам ҳангоми дидани ҳавопаймоҳои парвозкунанда ногаҳон ба худ фурӯ меравад.
Мариупол ба ҳаёти осоишта баргашт: гузориши тасвирӣ
Вай мегӯяд, ки то ҳол тарсро эҳсос мекунад ва хурдтаракон ҳанӯз бо шунидани ин садо ба гиря медароянд.
"Равоншинос бо мо кор мекунад, барои модарон, фарзандони мо дарсҳои гурӯҳӣ мегузаронад. Ва шумо медонед, ки пас аз чунин ҷаласаҳо барои мо хеле осонтар мешавад. Тарс аз байн меравад, ташвишҳо меравад, касе аллакай ба Мариупол баргаштааст ва дар барқарорсозии он саҳм мегирад", - мегӯяд сокини дигари маркази барқарорсозӣ Анна Константинова.

Мисли худӣ қабуламон карданд

Ҳамаи меҳмонон шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор доранд. Аз хизматрасонии тиббӣ истироҳаткунандагон (сокинони марказ хоҳиш мекунанд, ки онҳоро гуреза нагӯянд) бештар танҳо ба духтури дандон муроҷиат мекунанд.
Вале, ихтиёриён ва маъмурияти комплекс агар лозим шавад, ба ёрии ҷиддии тиббӣ омода ҳастанд.
"Барои як духтарак дар Маскав ҷарроҳии ғадуди сипаршакл гузарониданд барои гӯши духтараки дигарро низ ҷарроҳӣ карданд. Ва онҳо ҳама ин корро ройгон анҷом доданд", - гуфт Анна Константинова.
Онҳо дар маркази тавонбахшӣ дар утоқҳои барои чанд нафар ҷудошуда зиндагӣ мекунанд, ки дар ҳар як ҳуҷра куллер, телевизор ва дигар таҷҳизот вуҷуд дорад. Дар ошёнаи якум мошини ҷомашӯӣ, душ ва ошхонаи хурд мавҷуд аст.
Бозёфтҳо аз "Азовстал" артиши Русияро ба даҳшат овард - аксҳои ҳайратангез
Ва гарчанде ки дар он хӯрокҳои сершумор пешбинӣ шудааст, тавре ки директори "Олимп", ҳамоҳангсози маркази ихтиёрии "Комплекси ГТО дар Солнечногорск" Павел Игнатенко шарҳ дод, ошхонаи алоҳида "яке аз унсурҳои барномаи барқарорсозӣ" мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, бархе аз таомҳоро меҳмонон худашон мепазанд. Аксарият дар муҳлати исти-қомат бо кор машғуланд ва маош мегиранд.
Онҳо дар қаҳвахонаҳои маҳаллӣ кор мекунанд, дар зали варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ба инструкторон ёрӣ мерасонанд.
Ин барои он анҷом дода мешавад, ки меҳмонон тадриҷан ба ҳаёти оддии осоишта одат кунанд.
"Ин барои ба ҳам овардани одамон анҷом дода мешавад, онҳо тарзи зиндагии худро барпо мекунанд. Ин воқеан ҳам кумак мекунад. Одам худро на дар меҳмонӣ, балки қариб дар хона эҳсос мекунад. Барои ин ба барномаи офиятбахшӣ фаъолияти меҳнатӣ низ дохил карда шудааст. Мо мушоҳида кардем, ки бисёр одамон аз он хеле хавотиранд, ки чизеро ройгон мегиранд, худро нороҳат ҳис мекунанд", - шарҳ дод Павел Игнатенко.

Пас аз истироҳат - ба барқарорсозии хона

Ногуфта намонад, ки дар баробари ин, дар ин ҷо фароғатҳои зиёде мавҷуданд. Дар ихтиёри меҳмонон тамрингоҳи бузурги варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст.
Аслан ду қадам дуртар кӯли зебоманзари Сенеж аст. Ва, албатта, қариб ҳар рӯз ҳама гуна экскурсияҳо. Ҳамин тавр, меҳмонони марказ аз Майдони Сурх, сирк, осорхонаҳои гуногунро тамошо карданд, Рузи Русияро қайд карданд.
Бандари Мариупол фаъол шуд: Видео
Барномаи барқарорсозӣ барои сокинони Мариупол дар Солнечногорск барои сӣ рӯз пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи истироҳаткунандагон, пас аз анҷоми он ният доранд, ки ба зодгоҳашон баргарданд, мегӯянд, дар хона корҳои зиёде ҳаст, ҳанӯз ҳам шаҳрро барқарор кардан лозим аст.
Дар маркази барқарорсозӣ ба Sputnik хабар доданд, ки акнун ба қабули гурӯҳи сеюми меҳмонон аз Мариупол омода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0