Шӯрои Федератсия созишномаи таъмини нафақа бо Тоҷикистонро тасвиб кард

© Sputnik / Амир ИсаевПожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане
Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созишномаи таъмини нафақа, ки миёни Маскав ва Душанбе дар соли 2021 баста шуда буд, ба тасвибшавӣ дар мақомоти Федератсияи Русия идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Шӯрои Федератсия қонун дар бораи тасвиби созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақаро тасвиб кард.
Вакилони рус дар ҷараёни ҷаласаи ахир ин қарорро қабул карданд.
Созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа 15 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ низ парлумони Тоҷикистон созишномаи мазкурро ба тасвиб расонда буд.
Бар асоси ин созишнома муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд аз фонди Русия нафақа гиранд. Барои ин онҳо бояд расман бо кор таъмин бошанд ва ба фонди нафақаи Русия пул гузоранд.
Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода, раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, созишномаи ба порлумон пешниҳодшуда аз ҷониби Русия ҳанӯз солҳои 2014-2015 таҳия шуда буд ва пеш аз тасдиқ шудани он на як бору ду бор муҳокима шуд.
Дедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Ҳукумати Русия созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши таъмини нафақаро тасвиб кард
"Дар ин муддат 7 даври музокирот миёни мақомоти ду кишвар баргузор шуд ва дар ниҳоят моҳи сентябри соли гузашта ин раванд ба анҷом расид", - гуфт Давлатзода.
Тибқи ин созишнома, шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар Тоҷикистон низ кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ доранд, аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад.
Илова бар ин агар шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан дар Русия кор мекарданд, вале дар Ватан ба нафақа баромадаанд, собиқаи кори онҳо дар давлати Русия ба назар гирифта мешавад.
Теъдоди дақиқи нафақахӯрон дар Тоҷикистон маълум шуд
"Дар ин сурат коргарон метавонанд дар ду кишвар - дар Тоҷикистон ва Русия ба нафақа бароянд. Ҳамзамон онҳо нафақаи мувофиқи собиқаи корашон дар ҳар як кишварро алоҳида мегиранд", - гуфтанд дар баррасии созишнома.
Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик аз рӯи собиқаи корӣ дар Федератсияи Русия яке аз масъалаҳои умдаи Тоҷикистону Русия буд. Дар ин бора зиёда аз як сол боз дар идораҳои дахлдори ҳар ду давлат баҳсҳо сурат мегирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0