Мураббии футзал: вақти "ҷавон" кардани тими миллии Тоҷикистон фаро расидааст

© Sputnik / ФФТСборная Таджикистана по мини-футболу
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Дастаи мунтахаби футзал дар Гулистон ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор мекунад ва ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон омода мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сармураббӣ Пайрав Воҳидов 18 бозигар – 3 дарвозабон ва 15 бозигари майдонро ба ҷамъомад даъват кардааст. Бозиҳои дӯстона рӯзҳои 14, 15 ва 17 июл дар Ҷиззах миёни дастаҳои мунтахаби миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Ин бозиҳо дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 баргузор мешаванд. Ин сабқат аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад ва мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бозӣ мекунад.
Рақибони тими Тоҷикистон, Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.
Сармураббии даста Пайрав Воҳидов дар бораи омодагӣ ба Ҷоми Осиё ва ҳадафҳояшон дар чемпионат, нақл мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, даста аз 7 июл марҳилаи аввали омодагиро ба Ҷоми Осиё-2022 оғоз карда, ҷамъомади таълимиву тамринӣ то 12 июл идома хоҳад кард.
"Пас аз ҷамъомади таълимиву тамринӣ мо бо тими миллии Ӯзбекистон, ки яке аз тимҳои пурқуввати Осиё маҳсуб мешавад, се бозии дӯстона мегузаронем. Дар ин бозиҳо мо тавони худро месанҷем, нуқсонҳои заифамонро ошкор мекунем", - гуфт сармураббӣ.
Бояд гуфт, ки чанд бозигари пурқувват, аз ҷумла Файзалӣ Сардоров, Муҳаммад Шарипов, Собирҷон Гулаков ва Фирӯз Бекмуродов ба тими миллии Тоҷикистон даъват нашуданд. Онҳо дар ҳайати тими миллии даъвати қаблӣ бозӣ мекарданд.
Сармураббии тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Рабиев фаворитҳои CAFA-ро номбар кард: тими занонаи Тоҷикистон миёни онҳост?
Пайрав Воҳидов ба ин муносибат гуфт, тими миллии феълӣ бар асоси натоиҷи бозиҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон ташкил шудааст.
"Мураббиёни тими миллӣ бозиҳои гузаштаро аз назар гузаронида, бозии бозигарони гуногунро таҳлил карда, беҳтарини онҳоро ба тими миллӣ даъват карданд. Дар мавриди Сардоров, Бекмуродов ва чанд бозигари дигар, ки даъват нашуданд, мо ҳоло ҳам ба онҳо умед мебандем, балки дар дигар вохурихо", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мураббӣ, қабл аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Бишкек баргузор шуд, тамоми бозигарон, аз ҷумла яке аз беҳтаринҳо - Фирӯз Бекмуродов ба тими миллӣ даъват шуда буданд, вале ӯ дар Русия буд ва бо баъзе сабабҳо омада натавонист. Ҳамин тавр, ду дарвозабони ҷавон Фирӯз Бозмамадов ва Хушбахт Исоев даъват шуданд, то онҳо таҷриба омӯзанд. Ва Мурадулло Аликулов дарвозабони асосй гардид.
Мушкилоти футболи занона дар Тоҷикистон ошкор шуд
"Мо бояд ба дарвозабонони ҷавон имкон диҳем, ки дар бозиҳои дӯстонаи чунин сатҳ қувваи худро санҷанд ва ҳайати асосии кишварро пурзӯр созем. Фирӯз дар ҳоли ҳозир беҳтарин дарвозабони кишвар маҳсуб мешавад. Ӯ ҳамеша ба рақобат омода аст. Ба мо лозим меояд, ки ӯро дар вохуриҳои навбатӣ ҷалб кунем. Бинобар ин ситоди мураббихо қарор дод, ки ба дарвозабонони ҷавон имконият диҳад, ки дар ин вохуриҳои контролй маҳорати худро сайқал диҳанд", — гуфт мураббӣ.
Файзалӣ Сардоров ва Муҳаммад Шарифов ба далели ҷароҳат ва нишонзани беҳтарини Суперлига Собирҷон Гуляков ба далели мушкилоти хонаводагӣ натавонистанд ба тими миллии кишвар бипайванданд.
Ҳамин тариқ, ба гуфти ситоди мураббиёни тими миллии кишвар вақти ҷавоншавии даста фаро расидааст. Якчанд футболбозони ҷавон аллакай дар ҳайати тими миллӣ ҳастанд. Якчанди дигар боз илова карда мешавад.
"Аммо бо ин ҳама дарҳо ба рӯи касе баста нест, мо ба онҳое, ки мехоҳанд дар тими миллӣ бозӣ кунанд, имкон медиҳем", - гуфт мураббӣ.
"Равшан" садрнишини чемпионати Тоҷикистон шуд: эълони танаффуси якмоҳа дар мусобиқа
Имрӯз бисёр дастаҳои футзали Осиё дар сатҳи хеле баланд бозӣ мекунанд. Бо онҳо чӣ гуна рақобат кардан мумкин аст ва шонси тими Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар оянда чӣ гуна аст?
Мураббӣ Пайрав Воҳидов қайд мекунад, ки рақибони заиф нестанд ва тими Тоҷикистон низ кӯшиш мекунад, ки беҳтар бозӣ кунад ва мо барои ба плей-офф баромадан талош хоҳем кард.
"Як чизро ман бояд қайд намоям, ки ҳеҷ як мураббӣ душмани худаш нест. Ҳар як мураббӣ кӯшиш мекунад, ки тими ӯ дар ҳама мусобиқа ва дар муқобили ҳар рақиб дар ҷои аввал бошад. Мо кӯшиш мекунем, ки натиҷаи хуб нишон диҳем, барои баромадан ба плей-офф талош хоҳем кард. Бале, ин осон нахоҳад буд, аммо мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то натиҷаҳои хуб нишон диҳем”, - хулоса кард мураббӣ.
Лентаи хабарҳо
0