Дар Африқои Ҷанубӣ бар асари тирпаронӣ дар майкада 14 нафар кушта шуд - видео

© AFP 2023 / GIANLUIGI GUERCIAПолицейские Кейптауна во время спецоперации. Архивное фото
Полицейские Кейптауна во время спецоперации. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Бар асари тирпарронӣ дар майкада дар Йоҳаннесбург дастикам 14 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин се нафар дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар як майкада дар канори Йоҳаннесбурги Африқои Ҷанубӣ тирпаронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии eNCA.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳодисаи мазкур дасти кам 14 нафар кушта шуданд.
Хабар дода мешавад, ки ҳоисаи нохуш шаби шанбе ба якшанбе дар канори шаҳри Соуето рух додааст.
Навор аз макони рух додани ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Ба иттилои ин шабака, 10 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки вазъи се нафари онҳо вазнин аст. Пулиси маҳаллӣ гуфт, ки онҳо тирандозиро таҳқиқ мекунанд.
Девушка плачет после происшествия в школе в Увальде, Техас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Ашкҳои сӯзон: аксҳои тирпаронӣ дар мактаби Техас, ки 21 кушта бар ҷой гузошт
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳ қабл дар яке аз мактабҳои Техас тирпаронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа 18 кӯдак ва 3 калонсол кушта шуданд.
CNN хабар дод, ки оташро як ҷавони ношинос дар мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Увалде кушод. Дар ин мактаб кӯдакони аз 5 то 11-сола тақсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0