Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Афзоиши теъдоди қурбониён миёни сокинони мулкӣ дар Донетск

© Sputnik / Ilia Pitalev / Гузариш ба медиабонкПожар в жилом доме в Киевском районе Донецка, разрушенном в результате обстрела
Пожар в жилом доме в Киевском районе Донецка, разрушенном в результате обстрела - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Садҳо сокини Донетск бар асари зербаи нерӯҳои украинӣ ба ҳалокат расидаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ мебошанд. Ҳамчунин ҳазорҳо хона тахриб шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тайи 144 рӯзи шиддати даргирӣ дар Донетск 238 сокини осоишта ба ҳалокат расида, 2592 нафар маҷруҳ шудаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндагии Ҷумҳурии халқии Донетск дар Маркази ҳамоҳангсозӣ хабар додаст.
"Дар маҷмуъ давоми 144 рӯз 238 сокини мулкӣ, аз ҷумла 16 кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар маҷмуъ 2592 нафар маҷруҳ шуданд, ки 173 нафарашон кӯдакон мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар ин муддат 5581 ҳолати оташкушоӣ сӯи ҶХД ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 5252 ҳолаташ бо истифодаи силоҳи вазнин мебошад.
Илова гардидаст, ки бар асари зарбаи нерӯҳои украинӣ ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтори мулкӣ тахриб шудаанд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Трамп гуфт, агар дар интихобот пирӯз мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0