Артиши Тоҷикистон Иди Қурбонро таҷлил кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПарад Победы 9 мая в Душанбе
Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар қисмҳои низомӣ бахшида ба Иди Қурбон дастархони идона ороста шуда, мақомдорони баландпояи давлатӣ ба табрики сарбозон рафтаанд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар тамоми қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои иҷтимоии маркази вилояти Суғд дастархони идона густурда шуд, хабар дод шаҳдории Хуҷанд.
Ба иттилои манбаъ, Фирдавс Шарифзода, раиси Хуҷанд ва Анвар Яъқубӣ, ноиби раиси Суғд бахшида ба иди Қурбон ба хабаргирии сарбозон рафтанд. Аз ҷумла Шарифзода ва Яъқубӣ аз қисми низомии 3501 -и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздид намудаанд.
Раиси шаҳри Хучанд ҳайати қисми низомиро бо Иди Қурбон таҳният гуфта, аз фазои ором дар кишвар зикр намудаааст.

"Иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро дар фазои истиқлолу озодӣ ва амнияту оромӣ, ки бузургтарин дастоварди мардумамон мебошад, таҷлил мекунем", - таъкид кардааст Шарифзода.

Вай гуфт, маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст.
Ба гуфтаи раиси Хуҷанд, дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, мурувват ва муомилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд.
Председатель Совета муфтиев России Равиль Гайнутдин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Гайнутдин гуфт, ки маросими ҳаҷ дар соли 2022 чӣ гуна сурат гирифт
"Ҳамчунин, омӯзиши илму маърифат, заҳматдӯстиву ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст", - афзудааст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки маросими аслии иди Қурбон дар Тоҷикистон 9 июл баргузор шуда, аёдату хабаргирии ҳамдигар ба муносибати ин ид рӯзи 10 июл низ идома пайдо кард.
Лентаи хабарҳо
0