Трамп гуфт, агар дар интихобот пирӯз мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод

© AP / Joe MaioranaЭкс-президент США Дональд Трамп во время выступления
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури собиқи Амрико президенти феълии кишварашро дар афзоиши таваррум, болоравии қимати сӯхт, аз даст додани "истиқлоли энержии Амрико" муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раҳбари пешини Амрико Доналд Трамп бар ин бовар аст, ки агар ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 дубора интихоб мешуд, ба низоъ дар Украина роҳ намедод.
Трамп дар ин бора ба ҷонибдорони худ дар Анкориҷ хабар дод.
Собиқ президент бори дигар аз сиёсатҳои раҳбари кунунии Амрико, Ҷо Байден интиқод кард, ки ба гуфтаи ҷумҳурихоҳ, Иёлоти Муттаҳидаро ба як ҳолати таназзул бурд.
Ӯ гуфт, Амрико ҳоло як кишвари заиф аст, бо таваҷҷӯҳ ба таваррум, болоравии қимати сӯзишворӣ, аз даст додани "истиқлолияти энергетикии ИМА", коҳиши бозорҳои саҳомӣ, хурӯҷи бемуваффақияти нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва мушкилоти дигар.
"Вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Ҳамаи ин дар сурати пирӯзии ман баргузор намешуд", - бовар дорад собиқ президенти ИМА.
Қаблан Трамп дар шарҳи амалкарди маъмурияти Байден дар авзоъ дар атрофи Украина изҳори назар карда буд, ки муноқиша бояд бо созиш хотима ёбад ва ба Киев миллионҳо доллар кумак нафиристад.
Президент США Дональд Трамп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Трамп: Амрико наметавонад ба кишварҳои дигар дарси ахлоқ диҳад
Илова бар ин, вай иддао кард, ки ба далели иқдомоти Амрико, низоъ дар Украина метавонад боиси ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0