Вазорати дифои Русия нобудсозии нуқтаҳои ҚМ Украинаро тавассути чархболҳои Ка-52 нишон дод

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавопаймоҳои артиши Русия нуқтаҳои мустаҳками воҳидҳои низомии Украинаро кашф ва ба сӯйи онҳо мушак партоб карданд, ки дар натиҷа муҳимоти ҷангии онҳо нобуд шуд
Вазорати дифои Русия бо нашр намудани як видео нишон дод, ки чӣ гуна чархболҳои Ка-52 истгоҳҳо ва мошинҳои зирӯҳпӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд мекунад.
Дар видео маълум аст, ки халабонҳои авиатсионии артиш нуқтаҳои мустаҳками воҳидҳои низомии Украинаро кашф карда, ба сӯи онҳо мушак партоб кардаанд.
Дафтари матбуоти департаменти ҳарбӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи истифодаи ҷангӣ нуқтаи фармондеҳӣ, танкҳо ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд.
Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Мушакпартоии артиши Украина ба минтақаҳои аҳолинишини Донетск – видео
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Сарбозони асир дар бораи нерӯҳои Украина далелҳои ҳайратангез гуфтанд
Дар баробари амалиёт инчунин миёни ҷонибҳо музокирот низ сурат гирифтанд, ки охирон даври он дар Туркия баргузор шуд. Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Феълан Маскав мегӯяд, музокирот бо айби Киев мутаваққиф шудааст, аммо Русия омодагияшро барои гуфтушунид баён кардааст.
Лентаи хабарҳо
0