Фаъолияти шаш муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ дар вилояти Хатлон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонФирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Хатлон аз фаъолияти 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ дар вилоят хабар дода мегӯянд, хонандагони туркмантабор бо забони модарии худ таҳсил мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар ин бора ахиран муовини раиси вилоят Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар гуфтугӯ бо роҳбарияти вилояти Лебапи Туркманистон маълумот додааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ Фирӯза Шарифӣ зимни ин гуфтугӯ изҳор кард, ки рушди муносиботи шарикӣ ва дӯстона миёни Тоҷикистону Туркманистон муҳим мебошад.
“Зимни мулоқот қайд гардид, ки дар вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо фаъолият мекунад, ки 25 ҳазор узв дорад”, - гуфт муовини раиси вилояти Хатлон.
Ҳамзамон дар ин гуфтугӯҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи илму маориф низ ёдрас шуд.
“Дар ҳудуди вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷикӣ-туркманӣ мавҷуданд, ки фарзандони туркмантабор бо забони модарии худ таҳсил карда метавонанд. Инчунин беш аз 100 донишҷӯи туркман дар мактабҳои олии мо таҳсил мекунанд”, - зикр кард хонум Фирӯза Шарифӣ.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки баррасии раванди иҷрои Созишнома байни Мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ масъалаи меҳварии мулоқоти мазкур буд.
Велосипедист с покрытыми нефтью руками на пляже в Вентанилья, Перу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Тоҷикистону Туркманистон дар бахши коркарди нафту истихроҷи газ ҳамкорӣ мекунанд
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Туркманистон шарикии стратегӣ дошта, беш аз 110 санади батасвибрасида ҳамкории ду кишварро дар самтҳои мухталиф ҳамоҳанг мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0