Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар кард

© Официальный сайт ФФТТими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон субҳи 11 июл ба шаҳри Абҳаи Арабистони Саудӣ парвоз кард. Дар Арабистон футболбозони тоҷик ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои баргузории бозиҳои дӯстона ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Манобеи "Варзиш" хабар медиҳад, ки футболбозони тоҷик субҳи 11 июл тариқи транзити Дубай ба шаҳри Абҳа парвоз карданд. Дар ин шаҳр ду бозии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамсолони онҳо аз Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев барои ин бозиҳо 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Бозӣ миёни футболбозони тоҷику араб рӯзҳои 14 ва 16 июл доир мешаванд.
Футболбозони тоҷик дар Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳанд
Бояд гуфт, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҷуз аз бозиҳои дӯстона бо тими Арабистони Саудӣ, ҳамчунин дар қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ низ итирок мекунанд. Ин бозиҳо аз 3 то 12 август дар шаҳри Душанбе баргзор мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи "I" шомил аст.
"Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои миллии Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур мебошанд", - мегӯяд ФФТ.
Гуфта мешавад, бозиҳои интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0