Лағви раводид миёни Эрону Қазоқистон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Масъулини Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз лағви раводиди эрониён дар зимни сафар ба кишвари Қазоқистон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Эрон дар иттилоъияи эълом кардааст, ки шаҳрвандони Эрон барои сафар ба Қазоқистон дигар ниёз ба раводид нахоҳанд дошт, иттилоъ додааст хбаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, лағви раводид миёни ду кишвар ҳануз дар сафари ахири анҷомёфтаи Қосим Жормат Тоқаев, раисҷумҳурии Қазоқистон ба Теҳрон ва гуфтугӯҳои анҷомшуда бо мақомоти ин кишвар баррасӣ шуда буд.
Ҳамин тавр дигар шаҳрвандони Эрон метавонанд бедуни раводид вориди қаламрави Қазоқистон шаванд ва ҳар бор вуруд ҳадиаксар ба муддати 14 рӯз дар ин кишвар имкон доранд бимонанд.
“Бар асоси ин фармон эрониён метавонанд дар муддати 170 руз, маҷмуъан 42 руз дар чанд сафари 14 руза дар Қазоқистон истиқомат дошта бошанд”, - таъкид кардааст вазорати умури хориҷаи Эрон.
Дар иттилоъияи равобит умумии Вазорати умури хориҷаи Эрон омада аст, ки пешбини мешавад бо ин иқдом муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гардишгарии ду кишвар вориди марҳалаи ҷадид шавад.
Иранцы на площади Азади в столице Тегеране в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Қазоқистон барои шаҳрвандони Эрон 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19-уми июн дар Теҳрон президенти Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев бо президенти муҳофизакор Иброҳим Раисӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои расонаҳо ҳадафи ҳарду поин овардани таниш дар равобити дуҷониба ва ташвиқи дар даҳсолаҳои наздик барҳам додани захираҳои ҳастаӣ мебошад.
Тибқи гузоришҳо, дар ин сафар Тоқаев ваъда додааст, ки барои эрониҳо ҳақи 14 рӯзи сафари бевиза дар Қазоқистон - сарватмандтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ фароҳам мешавад.
Дар сафараш ба Эрон Тоқаев инчунин бо раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ҳам дидору гуфтугӯ кард.
Лентаи хабарҳо
0