Дар марги Абэ муҳофизонаш ҳам "гунаҳкоранд"

© AP / Shizuo KambayashiРеакция премьер-министра Японии Синдзо Абэ на заседании верхней палаты парламента в Токио
Реакция премьер-министра Японии Синдзо Абэ на заседании верхней палаты парламента в Токио - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Агар муҳофизони сарвазири собиқи Ҷопон тибқи қоидаи ҳифозат аз мақомот амал мекарданд, ӯ метавонист зинда монад ва ҳатто осеб набинад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Муҳофизони сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ, ки бар асари суқасд ба ҷонаш кушта шуд, протоколро вайрон карданд. Ба чунин хулоса пулиси маҳаллӣ расид.
Тибқи протокол, пас аз тири аввал посбонҳо мебоист Абэро ба замин мезаданд, то ӯро аз тирҳои такрорӣ муҳофизат кунанд.
Агар муҳофизон ин қоидаро риоя мекарданд, сарвазири собиқро имкони наҷот додан мавҷуд буд.
Ёдовар мешавем, ки Синдзо Абэ нахуствазири собиқи Ҷопон бар асари захмҳои дар як сӯиқасд ҳангоми суханронии пешазинтихоботии худ дар шаҳри Нара бардоштааш даргузашт. Ӯ 67-сола буд.
Момент нападения на бывшего премьера Японии Абэ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Видеои лаҳзаи куштори Абэ ҳангоми суханронияш дар кӯча
Ҳодиса тақрибан соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ, вақте рух дод, ки сиёсатмадор дар кӯча дар назди мардум суханронӣ мекард.
Ҳамлагар Тесуя Ямагами 41-сола аз масофаи 10 метр ба сӯи сарвазири собиқ ду тир холӣ кард. /Ӯ собиқ нахуствазирро аз қисмати гардан ва қафаси сина ҷароҳатдор кард.
Ба гуфтаи пулис, дарҳол пас аз тирпаронӣ сиёсатмадор ҳанӯз баҳуш буд, вале дар ҷараёни интиқол додани ӯ ба иллати аз кор мондани дил ва шуш, вазъаш вазнин шуд.
Ямагами ба гуноҳаш иқрор шуда, қайд кард, ки ҳеҷ чиз зидди ақидаҳои сиёсии Абэ надорад.
Лентаи хабарҳо
0