Мурашко вазъи коронавирус дар Русияро шарҳ дод

Михаил Мурашко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири тандурустии Русия хабар додааст, ки вазъи COVID-19 дар Русия беҳтар гардидааст ва шумори сироятёфтагон ба ин беморӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия гуфт, вазъии COVID-19 дар Русия рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва шумораи беморон кам мешавад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Вазъи коронавирус беҳтар шудааст, шумораи гирифторон кам мешавад", - гуфт Мурашко зимни сафараш ба Йошкар-Олаи Русия.
Ба гуфтаи ӯ, чораҳои пешгирикунанда пурра аз сар гирифта шудаанд.
Ӯ инчунин қайд кард, ки дар як қатор кишварҳо аллакай афзоиши гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида мешавад, аммо дар Русия ҳама то ҳол оромӣ аст.
Тавре қаблан ситоди оперативӣ дар мвриди мубориза бо паҳншавии коронавирус хабар дода буд, дар як рӯз дар Русия беш аз 3000 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ошкор шудааст.
Сдача экспресс-тестов на COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ҳамарӯза меафзоянд: омори нав
Ёдовар мешавем, охирин бор дар Тоҷикистон 18 феврали соли равон ҳодисаҳои сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд.
Тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзур намудани вазъи эпидемиологӣ аз 7 марти соли 2022 режим пӯшидани ниқоб ва маҳдудият дар баргузории тӯй ва ҷашнҳои гуногун бекор карда шуд. Дар баробари ин, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки “тадбирҳои пешгирикунанда ва зидди эпидемиологиро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус то ҳол нобуд нашудааст.
Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳоло Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ дар мавриди пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи телефони 511 амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0