Путин ва Эрдуғон вазъи атрофи Украинаро баррасӣ карданд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳурони Русия ва Туркия вазъи Украина, аз ҷумла содироти ғалларо зимни суҳбати телефонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин бо ҳамтои турки худ суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи Кремл.
Бар хабари манбаъ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни тамоси телефонӣ вазъият атрофи Украинаро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин таъмини амнияти киштигардӣ низ дар баҳри чсиёҳ ва содироти ғалла мавриди таваҷҷӯҳи кишвардорони Русия ва Туркия қарор гирифт.
"Мубодилаи афкор дар бораи вазъ дар атрофи Украина, аз ҷумла дар заминаи ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини амнияти киштиронӣ дар Баҳри сиёҳ ва содироти ғалла ба бозорҳои ҷаҳонӣ идома ёфт", - омадааст дар хабарномаи Кремл.
Ёдовар мешавем, дар тамоси телефонии қаблӣ, кишвардори туркия ба Владимир Путин пешниҳод кард, ки мулоқоти сеҷониба дар масъалаи Украина дар Истанбул баргузор шавад.
Он замон раисҷумҳури Туркия зарурат ба иқдомеро зикр намудааст, ки метавонад пайомадҳои бади ҷангро коҳиш диҳанду барои эҳёи сулҳу эътимод миёни Русия ва Украина мусоидат кунанд.
Следы краски на стене и разбитые окна здания посольства Турции в Москве, у которого прошла акция протеста против действий Военно-воздушных сил Турции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Туркия ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нахоҳад шуд
Ӯ омодагии ҷониби Туркияро барои иҷрои нақши нозир дар мулоқот дар сурати ризоияти ҷонибҳо баён доштааст. Эрдуғон гуфт, дар баробари раисҷумҳури Русия бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский низ суҳбати телефонӣ анҷом медиҳад ва аз ӯ даъват хоҳад кард, ки аз роҳҳои муколамаю дипломатия истифода намоянд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0