Рейтинги кишварҳое, ки тарбузи арзонтарин доранд: Тоҷикистон дар кадом зина аст?

© PixabayАрбузы без косточек
Арбузы без косточек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мавсими ҷамъоварии тарбуз дар авҷ аст: нархҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ба таври назаррас фарқ мекунанд: агар дар Боку 1 килои он 9, пас дар Маскав то 50 рубл аст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тоҷикистон ба рейтинги кишварҳое дохил шуд, ки арзонтарин тарбузро дорад. Рӯзноманигорони шабакаи телевизионии "МИР 24" нархи меваҳои тобистонаро дар кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон муқоиса карданд.
Дар садри аввали рейтинг Озарбойҷон қарор дорад. Дар бозорҳои пойтахти ин кишвар шаҳри Боку 1 кило тарбузро 9 рубл харидан мумкин аст. Деҳқонони маҳаллӣ ба қарибӣ ба ҷамъоварии ҳосили нав шуруъ карданд.
Сафи дуюмро Тоҷикистон гирифт. Ҷумҳурӣ бо Молдова дар як ҷой қарор дорад — дар ҳар ду мамлакат як кило тарбуз қариб 16—17 рубл арзиш дорад.
Дар зинаи баъдӣ Гурҷистон ва Қазоқистон ҷойгиранд. Дар ин кишварҳо 1 кило тарбузро 20 рубл харидан мумкин аст.
Дар муқоиса бо Гурҷистону Қазоқистон арзиши тарбуз дар Арманистон гаронтар аст. Сокинони Ереван 1 кило аз ин хӯрдании ширинро 30 рубл мехаранд.
Русия ва Беларус дар поёни раддабандӣ қарор гирифтанд. Ҳоло дар ин кишварҳо тарбузҳои гаронарзишро мефурӯшанд. Барои 1 кило харидорон тақрибан 50 рубл пардохт мекунанд.
Қоидаи интихоби тарбузи ширин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2019
Чӣ тавр тарбузи ширинро интихоб бояд кард?
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 400 ҳазор дона тарбуз ҷамъоварӣ мешавад. Меваҳо дар дохили кишвар фурӯхта шуда, ба Русия, Латвия ва Литва низ содирот мешаванд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки бинобар ҳавои мусоид дар соли ҷорӣ ҳосили меваю сабзавот аз ҷумла тарбуз хубтар аст.
Ёдовар мешавем, дар соли 2021 танҳо дар вилояти Хатлон, ки бештар аз ҳама барои парвариши ин маҳсулот мусоид аст, зиёда аз 16 ҳазор гектар замин барои парвариши ин маҳсулот ҷудо карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0