Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия аслиҳа барои HIMARS-и амрикоиро нобуд кард

© HIMARS / wikipediaАмериканская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile
Американская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Анбори лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаҳои амрикоии навъи HIMARS дар Днепропетровск нобуд карда шуда, воҳидҳои миллатгарою хориҷӣ ҳадаф қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия бо зарбаи мушакҳои "Калибр" лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаи реактивии HIMARS ва гаубитсҳои М777-ро нобуд кардааст
Анбори лавозимоти ҷангӣ барои тӯпхонаи амрикоии HIMARS ва гаубитси М77 дар минтақаи аҳолинишини Рашдушноеи вилояти Днепропетровск нобуд карда шуд, хабар дод Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои манбаъ, лавозимоти ҷангии нобудшуда аз ҷониби ИМА ба Украина интиқол дода шудаанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки халабонҳои низомии Русия нуқтаи фармондеҳии бригадаи 58-уми хушкигарди савораро дар наздикии Артёмовск , анбори аслиҳа ва нерӯи зиндаи ҷониби украиниро ҳадафи зарба қарор додаанд.
"Дар пайи зарба ба мақари миллатгароҳо ва зархаридҳои хориҷӣ дар ноҳияҳои Основянск ва Слободи Харков 250 ҷангӣ ва 25 адад техникаи зиреҳпӯшу автомобилҳо нобуд карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти мудофиаи Русия хабар доданд, ки ду дастгоҳи партоби мушакии навъи HIMARS-и амрикоӣ дар Донетск нобуд карда шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар маҳалли истиқоматии Малотарановкаи ҷумҳурии Донетск, мушакҳои дақиқияташон баланди Русия ду дастгоҳи партоби мушакии амрикоиро ҳадаф қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз интиқоли системаҳои мушакии чандкаратаи HIMARS ба Украина эълон карда буд, ба шарте ки онҳо барои зарба задан ба қаламрави Федератсияи Русия истифода нашаванд.
Российские артиллеристы уничтожают позиции ВСУ огнем из САУ Акация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Хумпораҳои дақиқраси тӯпхонаҳои Русия дар Украина
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ошкоро тасдиқ кард, ки Киев ин талаботро риоя хоҳад кард, аммо бархе мақомдорони дигар эҳтимоли аҳдшикании Киевро низ аз воқеият дур намедонанд.
Вазорати умури хориҷии Русия низ таъкид намуд, ки интиқоли силоҳ ба Украина танҳо даргириҳои низомиро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои гузошташудаи амалиёт таъсире нахоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0