Дар Русия мехоҳанд фурӯши маводи сӯхт барои хориҷиёнро маҳдуд кунанд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкАЗС в Москве
АЗС в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Интиқолдиҳандагони хориҷӣ бо истифода аз арзонии нарх дар бозори Русия зарфҳои ғунҷоишашон ҳазор литр ва ё аз ин ҳам бештарро бо маводи сӯхт пур мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Русия мехоҳад фурӯши сӯзишвории дизелиро ба хориҷиён маҳдуд кунад. Бо чунин пешниҳод ба сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин Ассотсиатсияи миллии нақлиёти автомобилӣ муроҷиат кардааст.
Тибқи ин ташаббус, барои шаҳрвандони кишварҳои дигар, агар хоҳиши харидории беш аз 50 литр навъи сӯзишвории зикршударо дошта бошанд, шароити махсус ҷорӣ карда мешавад.
"Пешниҳод гардидааст, ки барои ширкатҳои нақлиётии аврупоӣ маҳдудияти хариди сӯзишвории дизелӣ - дар ҳаҷми 50 литр ҷорӣ карда шавад", - таъкид карданд муаллифон.
Агар шаҳрванди хориҷӣ нияти харидории бештар дошта бошад, ба ӯ бо нархҳое, ки "муқоиса бо нархҳои аврупоӣ, ки аз нархи Русия тақрибан якуним баробар гаронтар аст" ҷуброн карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки арзиши сӯзишвории дизелӣ дар Федератсияи Русия 54 рубл барои 1 литр ва дар Иттиҳоди Аврупо бо пули русӣ беш аз 130 рубл арзёбӣ мешавад. Бо истифода аз арзонии нархҳо дар бозор, интиқолдиҳандагони хориҷӣ зарфҳои ғунҷоиши ҳазор литр ва бештар аз онро пур мекунанд.
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Байден аз соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ талаб кард, ки нархи бензинро поин баранд
"Известия" бо истинод ба номаи дахлдор ба Мишустин нишон медиҳад, ки чунин чораҳо ба далели нақзи созишномаҳои Литва ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи транзити мол ба Калининград пешниҳод карда мешаванд.
Бо вучуди ин, ба амал баровардани ташаббус душвор мегардад. Дафтари матбуоти вилояти Калининград ба нашрия гуфтааст, ҳанӯз маълум нест, ки кадом ширкатҳо тибқи таҳримҳо ба Русия коло ворид мекунанд ва чӣ гуна бояд тафтиш кард, ки ин ё он мошини боркаш дар куҷо сӯзишворӣ пур карда шудааст.
Қазоқистон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо манъ кард
Ёдовар мешавем, ки Роҳи оҳани Литва қаблан Роҳи оҳани Калининградро дар бораи қатъи транзити як қатор колоҳои таҳти таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо аз 18 июн огоҳ карда буд.
Зимнан, ҷониби Русия тақозо кардааст, ки транзити Калининград фавран аз сар гирифта шавад, вагарна чораҳои ҷавобӣ андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0