СММ: Аҳолии ҷаҳон 8 миллиард мешавад

© AFP 2023 / LUDOVIC MARINЛоготип Организации Объединенных Наций
Логотип Организации Объединенных Наций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ мекунад, ки шумораи аҳолии ҷаҳон то моҳи ноябри соли 2022 ба ҳашт миллиард нафар мерасад
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Аҳолии ҷаҳон то моҳи ноябри соли 2022 ба ҳашт миллиард нафар мерасад, пешгӯӣ мекунад Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид.
"Тибқи пешгӯиҳо, то 15 ноябри соли 2022 шумораи аҳолии ҷаҳон ба 8 миллиард нафар мерасад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Чунон ки дар изҳорот қайд карда мешавад, афзоиши аҳолии ҷаҳон идома дорад, вале суръати афзоиши он суст шуда истодааст.
Дар соли 2020, рушди ҷаҳонӣ бори аввал аз соли 1950 то 1 дарсад дар як сол поин рафт. Бар тибқи маълумоти СММ, аҳолии ҷаҳон метавонад то соли 2030 ба 8,5 миллиард зиёд шавад. Ин созмон ҳадс мезанад, ки то соли 2050 аҳолии сайёра ба 9,7 ва то соли 2100 ба 10,4 миллиард нафар хоҳад расид.
СММ: Нисфи аҳолии ҷаҳон ба ғизои солим дастрасӣ надорад
Созмони Миллали Муттаҳид бар ин назар аст, ки то соли 2050 беш аз нисфи афзоиши пешбинишудаи аҳолии ҷаҳон танҳо дар ҳашт кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Демократии Конго, Миср, Эфиопия, Ҳинд, Нигерия, Покистон, Филиппин ва Танзания мутамарказ хоҳад шуд.
Ҳамчунин пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2027 Ҳиндустон аз Чин пеш хоҳад рафт ва сераҳолитарин кишвари ҷаҳон хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0