Тоҷикистон содирот ба яке аз кишварҳои ҳамсояро афзоиш дод

© AP / Pan Yulong Мобильный кран готовится перемещать контейнеры на логистической станции
  Мобильный кран готовится перемещать контейнеры на логистической станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон рушди тиҷоратро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ идома медиҳад. Содирот аз Тоҷикистон ба Қазоқистон афзоиш ёфта, воридот нисбатан коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми содирот ба Қазоқистонро афзоиш додааст. Дар ин муддат ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя ба маблағи 245 миллион доллар мол фиристодааст.
Ба гуфтаи намояндагони хадамоти гумруки кишвар, ин рақамҳо нисбат ба соли гузашта 51% бештар аст. Аз моҳи январ то июни соли 2021 Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 161,6 миллион доллар коло фиристодааст.
Маълум аст, ки дар соли 2022 аз ҷумҳурӣ маъдан, консентратҳои мис, сурб ва руҳ содирот мешавад. Арзиши умумии онҳо 216,8 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Қазоқистонро тақвият медиҳад
Дар ҳамин ҳол, коҳиши воридот ба Тоҷикистон аз Қазоқистон мушоҳида мешавад. Аз моҳи январ то июни соли 2022 ба кишвар ба маблағи 397 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 0,4% камтар аст.
Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни ҷумҳуриҳо дар ин давра 14,5 фоиз афзоиш ёфта, 642,2 миллион долларро ташкил дод, дар ҳоле ки аз моҳи январ то июни соли 2021 дар сатҳи 560,4 миллион доллар буд.
Қазоқистон содироти бензину сӯзишвории дизелиро тавассути мошинҳо манъ кард
Қаблан консули генералии Тоҷикистон Равшан Бобохонзода ва раиси вилояти Ҷамбули Қазоқистон Нурҷон Нурҷигитов дар бораи таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба мувофиқа расида буданд.
Гуфта мешавад, ҳаҷми муомилоти мутақобилаи вилоят бо ҷумҳурии ҳамсоя дар 5 моҳи соли 2022 6,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 76,5 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0