Афзоиши назарраси бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Эрон ба Ватан

© AP / Jafar KhanАфганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане
Афганские беженцы въезжают в Пакистан через пограничный переход в Чамане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки бо вуҷуди вазъи Афғонистон дар рӯзҳои ахир мизони бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишварашон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Саидалии Қосимӣ, мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавӣ, шимолу шарқи Эрон хабар додааст, ки дар охирин шумориши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин устон ҳудуди 200 ҳазор нафар аз шаҳрвандони бедуни муҷавиз ва ғайриқонунӣ сабт шуданд, ки бисёре аз онҳо ба далели набуди шуғл ва қиматии маскан қасди бозгашт ба кишвари худро доранд.
Оқои Қосимӣ таъкид кардааст, ки мавзеи Эрон дар ҷараёни таҳаввулоти Афғонистон ҳимоят аз мардуми ин кишвар аст.
Вай гуфт, дар ҳавзаи масоили Афғонистон фориғ аз ин ки сатҳи равобити расмии Эрон бо толибон чӣ гуна аст, бояд иқрор шуд, ки амният дар Афғонистон дар давраи толибон дар муқоиса бо қабли беҳтар шудааст ва ҳамин сабаб шудааст, ки бозгашти муҳоҷирони афғонистонӣ аз Хуросони Разавӣ ба кишварашон афзоиш ёфтааст.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Роҳбари толибон: Ҳукумати сад дарсад исломӣ дар Афғонистон ҳоким хоҳад шуд
Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ таъкид доштааст, ки 95 дарсади ҷамъияти шаҳрвандони муҷоз ва ғайримуҷози хориҷӣ дар ин устон аксаран афғонистонии муқими Машҳад ҳастанд ва бар асоси тарҳи саршумории ҷадид ва омори гузашта, теъдоди шаҳрвандони афғонистонии сабтшуда ва ё дорои муҷавизи истиқомат дар Машҳад ҳудуди ним миллион нафар аст.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз тағйири ҳокимият дар Афғонистон ва рӯйи кор омадани толибон устони 6,9-миллионнафарии Хуросони Разавӣ мизбони 320 ҳазор нафар аз шаҳрвандони афғонистонии дорои муҷавиз, гузарнома ва корти омоиш буд, ки 95 дарсади ин гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ дар калоншаҳри 3,9-миллионнафарии Машҳад сукунат доштанд.
Лентаи хабарҳо
0