Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон

© Sputnik / Юрий Сомов / Гузаштан ба хазинаи аксЦистерны с нефтью. Архивное фото
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар нимсолаи якуми соли равон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 575 467 тонна ворид карда шудааст
Тибқ иттилои манбаъ, дар ин давра ба Тоҷикистон 146 141 тонна бензин, 184 240 тонна сӯзишвории дизелӣ 15 767 тонна, сӯзишвории реактивӣ, 76 тонна мазут, 16 193 тонна битум, 7429 тонна равғанҳои молиданӣ, 1100 тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ, 21 207 тонна кокси нафтӣ ва 183 314 тонна гази моеъ ворид гардидааст.
Қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 57 782 тонна зиёд мебошад.
Кухонная газовая плита - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Истихроҷи гази табиӣ дар кишвар коҳиш ёфт
Вазорати энергетика қайд кардааст, ки дар доираи тавозуни индекативӣ бошад, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба кишвар 340 101 тоннаро ташкил медиҳад.
“Аз ҷумла бензини автомобилӣ 128 329 тонна, сӯзишвории дизелӣ -175 257 тонна, сӯзишвории реактивӣ 6650 тонна, битум 16 171 тонна, равғанҳои молиданӣ – 3713 тонна, кокси нафтӣ 876 тонна ва гази моеъ 9 105 тонна”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазорат зикр кардааст, ки дар маҷмӯъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111 453 тонна зиёд буда, 40,9 дарсади иҷрои нақшаи тавозуни индекативиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0