Дар Қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон Тоҷикистонро танҳо Аҳмадиев намояндагӣ мекунад

© Sputnik / Юрий Абрамочкин / Гузариш ба медиабонкXII Олимпийские игры в Москве. Июль-август 1980 г
XII Олимпийские игры в Москве. Июль-август 1980 г - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Ин давандаи тоҷик иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад. Ҳоло ӯ Тоҷикистонро миёни 1900 варзишгар аз дусад кишвари дунё намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони Амрико қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон баргузор мегардад ва Тоҷикистон дар ин мусобиқа Илдар Аҳмадиёе муаррифӣ мекунад.
Бар хабари Кумитаи милли олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон аз 15 то 24 июл баргузор мегардад ва дар мусобиқа 1900 варзишгар аз 200 кишвари дунё иштирок мекунанд.
Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр иштирок мекунад ва ин мусобиқа рӯзҳои 15-16 июл дар Юҷин доир мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта, Илдар Аҳмадиев дар Олимпиадаи Токио иштирок кард, вале баромади ӯ нобарор буд.
Эълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Кения ва Эфиопия аввалинанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2022
Эълони ғолибони ниммарафони дав дар Душанбе: Кения ва Эфиопия аввалинанд
Зеро ӯ натавонист аз даври муқаддамотии дав дар масофаи 100 метр ба зинаи баъдӣ гузарад.
Варзишгар дар масофаи 100 метр танҳо ҷои чорумро ишғол кард, ки ба ӯ имкон надод, ки ба рақобаҳои баъдӣ роҳ ёбад.
Аҳмадиев масофаи 100 метрро дар 10,66 сония тай кард, ки каме аз варзишкорони Габон ва Ҷумҳурии Демократии Конго поин буд.
Манбаъ меафзояд, Тоҷикистон дар қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон се медал дорад: ду тило ва ё нуқра.
Медалҳои тилоро солҳои 1993 (Штутгарди Олмон) ва 1995 (Гетеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0