Бердимуҳаммадов якбора 26 вазирро аз кор озод кард

Сердар Бердымухаммедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Туркманистон бузургтарин тағйироти кадриро дар ин кишвар оғоз кард. Роҳбари ҷавони ин кишвар якбора 26 вазирро аз кор озод намуд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар ҳукуматаш тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Роҳбари ҷавони Туркманистон якбора 26 вазирро аз мақомашон барканор кард.
Ҳамин тавр, ноиб-сарвазир дар умури маориф, илм, тандурустӣ, варзиш, ҷавонон ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ноиби раиси девони вазирон дар умури иқтисодӣ, бонкӣ ва созмонҳои молии байналхалқи Туркманистон аз мақом барканор шудаанд.
Ҳамчунин 26 вазири дигари ҳукумати Туркманистон аз мақомҳо барканор ва бархе ба мақомҳои дигар таъйин шудаанд.
Президент Туркменистана Сердар Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Президенти Туркманистон вазирони дифою амниятро танбеҳ дод
Бояд гуфт, ки ин бузургтарин тағйироти кадрӣ дар Туркманистон баъди сари қудрат омадани Сардор Бердимуҳаммадов аст.
Сардор Бердимуҳаммадов моҳи марти соли равон баъд аз интихоботи президентӣ ба сари қудрат омад.
Раисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин сафиронашро дар Австрия, Ҷопон, Белгия, Фаронса, Туркия, Озарбойҷон, Украина ва Куриёи Ҷанубӣ иваз намудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Президенти Туркманистон вазирони дифою амниятро танбеҳ дода буд.
Далели танбеҳи вазирони мудофиа ва амнияти миллии Туркманистон аз сӯйи президент роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият арзёбӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0