Ду зоири тоҷик дар Макка фавтиданд: ҷанозаи онҳо дар Масҷидулҳаром баргузор шуд

© AFP 2023Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж
Саудовская Аравия принимает сокращенный хадж  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Ду зоири тоҷик, яке сокини 62-солаи Исфара ва дигаре сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни иҷрои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ даргузаштаанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтиданд, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.
Марги ду зоири тоҷикро сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Турахон Шарифзода тасдиқ намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри исфара ва Қизларгул Тоҷиеваи 64-сола аз ноҳияи Қубодиён ҳангоми адои маросими ҳаҷ даргузаштанд.
Иллати марги зоирини тоҷикро Шарифзода сактаи дил арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки маросими ҷанозаи онҳо дар Масҷидулҳаром баргузор шуд.
Дар идома сардухтури Мавсими ҳаҷ-2022 вазъи дигар зоирини тоҷикро хуб арзёбӣ карда, афзуд, ки бинобар гармии шадид, аксари онҳо оби хунук зиёд истеъмол мекунанд ва гирифтори бемориҳои дарди гулӯ, зуком, дарди мушак ва фишорбаландӣ мегарданд.
Таджикские мусульмане отправляются в хадж из аэропорта в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои зиёрати хонаи Худо
Шарифзода ҳамчунин қайд намуд, ки миёни ҳоҷиёни тоҷик ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нагардидааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 июн, пас аз ду соли маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, парвози аввал ҳудуди 155 зоирро дарбар гирифт ва дар умум 3562 нафар имсол ба ҳаҷ мераванд.
Маросими ҳаҷ ё зиёрати хонаи Худо пас аз хуруҷи вируси КОВИД 19 дар соли 2020 мутаваққиф шуда, ҳоло дигарбора оғоз шудааст.
Хароҷоти он барои як зоири Тоҷикистон 60 ҳазору 520 сомонӣ ё 5350 доллар аст. Парвози зоирон то 2-3 июли соли равон идома ёфта, бозгашт аз 17 июл оғоз мешавад.
Лентаи хабарҳо
0