Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҷузъиёти ҳамлаи саркӯбшудаи нерӯҳои Украина ошкор шуд

© AP / Efrem LukatskyУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нерӯҳои Украина талош карданд, ба минтақаи Запороже, ки дар ҷараёни амалиёти Русия озод шуда буд, ҳамла кунанд, аммо посухи сахт гирифта, фирор намоянд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Кӯшиши ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Запороже ноком шуд. Дар ин бора узви шӯрои асосии маъмурияти нави низомию шаҳрвандии вилоят Владимир Рогов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран артиши Украина дар самти Запороже фаъолтар шудааст.
"Ба ҷуз аз ҳамлаҳои террористӣ, диверсия ва тирборони тӯпхонаӣ, кӯшиши нокоми ҳамла ба вилояти Запороже анҷом дода шуд", - гуфт Рогов.
Ҳамсуҳбати РИА "Новости" таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи Украина мехостанд то ҳадди имкон ба мавқеъҳои Русия осеб расонанд, аммо посухи сахт гирифта, фирор карданд.
Вай гуфт, ки шаҳри Запороже, маркази маъмурии ин вилоят, таҳти назорати нирӯҳои украинӣ боқӣ мондааст, вале ба раҳоии он шубҳае нест.
Киев мардуми осоиштаро мекушад ва "бор"-и Русия мекунад: изҳорот дар СММ
"Дар Запороже мунтазири озодшавӣ мебошанд, вале аз ошкоро баён кардани мавқеи худ метарсанд, зеро фавран ба террори миллатгароён дучор мешаванд", - гуфт Рогов.
Қаблан маълум шуда буд, ки Киев бо шикасти ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст ва омори афроди кушташуда дар амалиёти вижаи Русияро нодида мегирад.
Талафоти Украина дастикам 50-70 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд мақомоти ин кишвар расман аз кушта шудани ҳамагӣ 10 ҳазор нафар эълон мекунанд.
Аксҳои силоҳҳои ғарбие, ки низомиёни украинӣ аснои фирор аз Лисичанск партофтанд
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни амалиёти вижа артиши Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запороже дар ҷануби Украинаро таҳти назорат гирифт.
Дар ин минтақаҳо маъмуриятҳои ҳарбию шаҳрвандии ҷонибдори Русия ташкил карда шуданд, рубл ба муомилот бароварда шуд, шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд.
Лентаи хабарҳо
0