Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Киев мардуми осоиштаро мекушад ва "бор"-и Русия мекунад: изҳорот дар СММ

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузаштан ба хазинаи аксСаммит государств – членов Совета Безопасности ООН по ядерному разоружению и нераспространению
Саммит государств – членов Совета Безопасности ООН по ядерному разоружению и нераспространению - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Украина мардумро бо ин ё он баҳона ҷамъ карда, ба сӯяшон оташ мекушоянд ва ба ВАО пешниҳод мекунанд, ки ин тирпаррониҳоро сабт кунанд, гуфт Полянский
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Мақомоти Киев қасдан ба мардуми мулкӣ ҳамла мекунанд ва намояндагони ВАО-и ғарбиро барои сабти ҷиноятҳои эҳтимолии артиши Русия меоранд, гуфт Максим Григорев, директори Бунёди омӯзиши демократия дар як нишасти ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ.
Рӯзи душанбе Русия нишасти ғайрирасмии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба миллатгароӣ дар Украина, баргузор кард.
Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи доимии Русия дар ин созмон ба ҳозирин як видеои далели истифодаи шиорҳо ва рамзҳои фашистиро аз ҷониби мақомоти Украина, низомиён ва шаҳрвандони оддӣ нишон дод, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Мо қайд мекунем, ки чӣ гуна мақомоти Украина бо ин ё он баҳона мардумро ҷамъ мекунанд ва сипас ба сӯи онҳо оташ мекушоянд ва ба расонаҳои ғарбӣ пешниҳод мекунанд, ки ин тирпаррониҳои хунини саҳнагузориро сабт кунанд. Ҳукумати Украина танҳо барои эҷод кардани тасвир барои расонаҳои ғарбӣ дидаву дониста одамонро мекушад. Ин далел бо шоҳидон ва қурбониёни зиёде собит шудааст", - гуфт Григорев.
Российские артиллеристы уничтожают позиции ВСУ огнем из САУ Акация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Хумпораҳои дақиқраси тӯпхонаҳои Русия дар Украина
Григорев, ки шахсан дар қаламрави Украина буд ва бо сокинон мусоҳиба кардааст, далелҳои зиёди видеоиро аз шоҳидон пешниҳод кардааст.
Аз ҷумла, Светлана Сурма, як сокини Мариупол гуфт, ки низомиёни украинӣ ба мардуми осоишта таҳдид карда, ба онҳо амр додаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.
"Онҳо гуфтанд: "Аз хонаҳоятон равед, мо ҷои шуморо бо замин ҳамвор мекунем. Мо барои шумо ҷавобгар нестем, — шаб хонаҳоямон аб хок яксон шуд", — гуфт зан.
Ба гуфтаи Григорев, созмони ҷамъиятии ӯ беш аз сад далел дорад, ки артиши Украина манзилҳои мардуми осоиштаро тахриб кардааст.
"Аксари Мариупол маҳз аз ҷониби низомиёни украинӣ тахриб шудааст, вақте онҳо дарк карданд, ки дигар ба шаҳр барнамегарданд. Пеш аз тарк кардани ягон шаҳрак онҳо оташ мезананд", - гуфт ӯ.
Нерӯҳои иттиҳодӣ минтақаи дигарро дар Донетск озод карданд
Тамара Деревянко, ки дар корхонаи “Азот” паноҳ мебурд, гуфт, низомиён ба мардуми мулкӣ, ки мехостанд қаламрави онро тарк кунанд, таҳдид кардаанд.
"Ҳарбиён омада гуфтанд: "Аз ҳудуди ин девор берун нашавед. Бароед, мо мепарронем, - гуфт зан.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Володин бовар дорад, ки вазъ дар Украинаро метавон бо роҳи осоишта ҳал кард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", анҷом дода шуд, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳадафи аслии амалиёти вижа дар вазорати дифои Русия озодсозии Донбасс номида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0