Дар кадом минтақаи Тоҷикистон баландтарин маош дода мешавад: тасвирбаён

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинони Душанбе дар қиёс бо дигар манотиқи Тоҷикистон маоши бештар мегиранд ва камтарин маош дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон аз моҳи январ то апрели соли 2022 маоши баландтарин дар Душанбе сабт шудааст.
Дар як моҳ сокинони пойтахт тибқи омор ҳудуди 2397 сомонӣ музд мегиранд.
Дар баробари ин, ба аҳолии навоҳии дигари мамлакат дар ин давра хеле кам музд дода шудааст.
Дар Тоҷикистон аз ҳама касбҳои сердаромадро гуфтанд
Масалан, дар вилояти Суғд барои кор 1574 сомонӣ ва дар ВМКБ 1436 сомонӣ гирифтаанд.
Баъди вилоёт сокинони навоҳии тобеи марказ қарор мегиранд, ки моҳе 1333 сомонӣ мегиранд.
Дар вилояти Хатлон назар ба пойтахт қариб ду баробар камтар маош дода мешавад. Дар ин минтақа музди меҳнати камтарин дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши 20-дарсадии маошу стипендия дар Тоҷикистон
Ҳамин тавр, ба аҳолии вилояти Хатлон моҳе ҳамагӣ 1224 сомонӣ дода мешавад.
Дар маҷмӯъ, маоши миёнаи моҳона дар Тоҷикистон аз моҳи январ то апрели соли 2022- 1652 сомониро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0