Лукашенко: Бархе аз шарикони СААД ва ИДМ мавқеи интизориро интихоб кардаанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи акс Президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Беларус ахиран дар мусоҳибае изҳор кардааст, ки бархе аз шарикони СААД ва ИДМ мавқеи интизориро интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус гуфт, бархе аз шарикони мо дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид (ИДМ) мавқеи интизориро интихоб кардаанд, аммо сиёсати Мински дигар нашудааст.
"Агар нарм карда гӯем, фишори густарда (аз Ғарб) муҷиби он шудааст, ки мутаассифона, бархе аз шарикони мо дар СПАД ва ИДМ мавқеъи интизориро интихоб кардаанд. Аммо дар баробари ин, Сиёсати Беларус тағйир наёфтааст нашудааст, мо муколамаро бо кишварҳое идома медиҳем, ки ақида ва манфиатҳои моро эҳтиром мекунанд”, - гуфт Лукашенко дар маросими гиромидошти хатмкунандагони донишгоҳҳои низомӣ ва афсарон.
Суханони оқои Лукашенкоро хадамоти матбуоташ расонаӣ кардааст.
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2022
Лукашенко: Набарди навбатӣ барои таҷдиди ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд
Дар ин суханрониаш роҳбари Беларус таъкид кардааст, ки бархе аз кишварҳо барои барҳам додани иттиҳодияҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни Белорусу Русия талош доранд.
Раисиҷумҳур афзуд, фишор болои Беларус на танҳо дар арсаи низомиву сиёсӣ, балки дар дигар бахшҳо, пеш аз ҳама дар бахшҳои иқтисод ва иттилоот низ афзоиш ёфтааст.
"Ин бори дигар тасдиқ мекунад, ки ҳаматарафа ҷанги гибридӣ бар зидди Беларус оғоз шудааст, ки ҳамеша хусусияти ҳамлаовар дорад. Дар ин ҷаг ҳам сохторҳои миллӣ ва ҳам сохторҳои эътилофи НАТО ҷалб шудаанд, ки дар амалиёти равонӣ ва амалиёти тахрибкорӣ дар фазои киберӣ фаъолият мекунанд", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0