Мушакҳои амрикоӣ давлатдории Украинаро барбод медиҳанд

© Ricardo Hernandez-Arocho / Public DomainАмериканская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile
Американская система залпового огня HIMARS, которая осуществляет пуски ракет Precision Strike Missile - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Интиқоли аслиҳа ба Киев амалиётро тӯл медиҳад ва боиси талафоти нерӯву техникаи низомии ҚМУ мегардад, аммо ин ҳама ҳадафҳои амалиёти махсусро тағйир намедиҳад
Мушакҳои тактикии амрикоӣ Украина наҷот намедиҳанд, балки даҳҳо ҳазор низомӣ ва лӯхтакчаҳои украинӣ, "давлатдории нозии Украина", ки бо амнияти миллии Федератсияи Русия номувофиқанд, нобуд мекунанд.
Рӯзи 9 июл раисҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден дастур дод, ки ба Украина ба маблағи 400 миллион доллар кумаки низомӣ ироа кунад. Пентагон гуфт, ки "баста"-и нав чаҳор MLRS HIMARS (системаи мушакии тӯпхонаи дорои таҳарруки боло) ва лавозимоти ҷангӣ барои онҳоро дар бар мегирад.
Як мақоми баландпояи Вазорати дифои ИМА ба хабарнигорон гуфт, ки MLRS-и амрикоӣ барои нерӯҳои украинӣ дар Донбасс барои ҳадаф қарор додани объектҳои Русия дар паси хатти ҷабҳа "бахусус муҳим ва муассир"-анд, аз ин рӯ ИМА шумораи HIMARS ва лавозимоти ҷангиро афзоиш додааст.
Пас аз интиқоли бастаи нави аслиҳа қувваҳои мусаллаҳи Украина метавонанд аз 12 дастгоҳи HIMARS истифода намоянд, аммо сифати мушакҳо муҳимтар аст. Бо дарназардошти вазъи фалокатбори низомиёни украинӣ дар Донбасс эҳтимоли интиқоли мушакҳои тактикии АТАКМС (яке аз модулҳои HIMARS) ба режими Киев зиёд аст.
Российские артиллеристы уничтожают позиции ВСУ огнем из САУ Акация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Хумпораҳои дақиқраси тӯпхонаҳои Русия дар Украина
Мушакҳои амрикоӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина имкон медиҳанд, ки объектҳоеро дар Донбасс ва манотиқи бузурги Русия, аз ҷумла Смоленск, Брянск, Курск, Воронеж, Ростови лаби Дон, Севастопол ва ҳатто пули Қримро ҳадаф қарор диҳанд. Вашингтон режими Киевро ба сӯйи сенарияҳои фалокатбор барои Украина тела медиҳад.
Гузориши “Financial Times”-ро, ки мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида лавозимоти ҷангии HIMARS (бо бурди то 300 км масофа) ба Украина интиқол медиҳад, метавон ба унвони қонунигардонии интиқол ҳисобид. Ҷомеаи Украина ошкоро зарбаҳои дақиқи қувваҳои мусаллаҳи Украина ба зародхонаҳои нерӯҳои Русия дар Донбассро бо дарёфти лавозимоти ҷангӣ, маълумоти моҳвораии НАТО ва истихдоми нерӯҳои амрикоӣ барои истифода аз HIMARS рабт медиҳанд.
Чаро сирри ҳарбиро ошкор кардан лозим аст? Интишори ҷузъиёти ҳамкориҳои Пентагон ва қувваҳои мусаллаҳи Украина нияти режими Киевро барои ҷалби ИМА ва НАТО ба муноқишаи мустақими низомӣ бо Русия, яъне ба ҳар қимате зинда мондан инъикос мекунад. Аммо на ҳама дар Аврупо омодаанд, ки барои тарҳи Украинаи Вашингтон бимиранд.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Ифшои ҳуҷҷатҳои махфии артиши Украина
Таҳлилгари бритониёӣ ва афсари собиқи истихбороти ҳарбӣ Фрэнк Ладвиҷ ба нашрияи “Asian Times” гуфтааст, Федератсияи Русия ба ҳадафҳои амалиёти вижа ноил шуда истодааст. Ӯ бо вуҷуди интиқоли силоҳҳои ғарбӣ шикасти ногузири низомии Украинаро пешгӯӣ мекунад.
Варианти алтернативӣ метавонад танҳо як "таърихи ҷангӣ" дар низои ҷаҳонии ҳастаӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Русия бошад, аммо дар ҳама ҳолатҳо Украина барои Ғарб маводи масрафӣ, "зиёни ҷонибӣ" аст.

Ташхис ва дармон

Илова бар ба даст овардани системаҳои амрикоии MLRS режими Киев бо Пентагон дар бораи таҳвили системаҳои мушакии зиддиҳавоии миёнапарвози NASAMS, ки Ҷозеф Байден дар аввали моҳи июл ваъда дода буд, мувофиқат кард.
Украина ҳазорон системаи тӯпхона, танкҳо ва ҳавопаймоҳо аз Гарб талаб мекунанд ва онҳо кӯшиш мекунанд, мавҷи чоруми сафарбаркунии умумиро ташкил намоянд, то моҳҳои зиёд (ё солҳо)-е таҳти роҳбарии генералҳои НАТО амалиёти ҷангӣ идома дошта бошад.
Теъдоди зарбаҳои мушакӣ ба ҳадафҳои Русия афзоиш меёбад. Гурӯҳҳои мухарриби украинӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Федератсияи Русия, дар қаламравҳои таҳти назорати низомиёни Русия фаъолият мекунанд. Ҳадафи қувваҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО ба таҳлука андохтани мардуми осоишта аст.
Барои эмин ҳифз кардани қаламрави Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Донбасс аз мушакҳои тактикии "украинӣ" нерӯҳои Русия бояд тамоми қаламрави Украинаро тарк кунанд. Имкони дигари амниятие вуҷуд надорад.
Батальон НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Чаро Ғарб "мутаваҷҷеҳ"-и бозори сиёҳи силоҳи НАТО дар Украина шуд?
Сулҳи тахминӣ мушкилотро ҳал намекунад ва фардо аз имрӯз сахттар хоҳад буд. Системаи падофанди ҳавоии Русия дар вилоятҳои Лвов ва Волин, бешубҳа аз пайкарбандии мавҷуда дар вилояти Херсон ва Запороже боэътимодтар хоҳад буд. Оре, Беларусия ҳам бо ин роҳ оромтар хоҳад буд.
Маскав маҷбур шуд, ки ба таҳдидҳо пас аз ҳашт соли омодагии қатъии Киев барои ҳалли мушкилоти минтақаӣ ба таври дипломатӣ - тибқи созишҳои Минск посух диҳад. Рӯзи 24 феврал Русия ҳадафҳои худ - ғайринизомисозӣ ва нозизудоии давлати Украина, эътирофи воқеият ва мақоми Қрим, ҷумҳуриҳои Донбасс аз ҷониби Киевро ба таври ҳатмӣ дунбол кард.
Амалиёти махсус имкон дод, ки дараҷаи ҳамгироии низомии режими Киев бо Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ошкор шуда, табиати зиддири русии Украина ташхис шавад.
Дер ё зуд Ғарб бояд ба меъёрҳои пешниҳодкардаи Москва баргарданд, ки амнияти баробар ва таксимнашаванда аст.
НАТО гарави амният ва алтернативаи тартиботи одилонаи ҷаҳон нест, балки он паразити таҷовузкори Амрико дар ҷаҳони куҳна, манбаи даҳҳо задухӯрди ҳарбӣ дар гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Ҳамин тавр, нишасти вазирони корҳои хориҷии G20 нишон дод, ки G7 наметавонад "боқимондаи ҷаҳон"-ро ба тарафи худ (зидди Русия) ҷалб кунад. Тирамоҳ барои бисёре аз кишварҳои ғарбӣ "лаҳзаи дарки ҳақиқат" хоҳад буд.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0