Исми нахуствазири нави Бритониё 5 сентябр маълум мешавад

© Sputnik / Justin Griffiths-Williams / Гузаштан ба хазинаи аксЭкс-премьер-министр Великобритании Тереза Мэй покидает резиденцию на Даунинг-стрит, 10 после сложения полномочий
Экс-премьер-министр Великобритании Тереза Мэй покидает резиденцию на Даунинг-стрит, 10 после сложения полномочий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рақобат барои курсии нахуствазирӣ дар Бритониё оғоз шуд ва рӯзи 13 июл даври аввали раъйдиҳӣ баргузор мешавад. Ҳоло барои ин мақом 11 номзад мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Натиҷаҳои интихоботи раиси нави ҳизби муҳофизакор, ки ба Ҳукумати Бритониё сарварӣ мекунад, 5 сентябр маълум мешавад.
Дар ин бора раиси кумитаи роҳбарикунандаи ҳизби муҳофизакор Грэм Брэдӣ ба шабакаи Sky News хабар додааст.
"Албатта, мо бояд раҳбари навро интихоб кунем ва рӯзи 5 сентябр ӯро муаррифӣ намоем", - афзудааст Брейди.
Сабти номзадҳо ба ин мақом рӯзи 12 июл анҷом меёбад. Феълан 11 номзад, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ Лиз Трасс ва собиқ вазири молия Риши Сунак номзадии худро пешбарӣ намуданд.
Даври аввали овоздиҳӣ рӯзи 13 июл оғоз мешавад. Барои ширкат дар он номзадҳо бояд ҳадди ақал раъйи 20 вакили муҳофизакорро ба даст оранд. Номзадҳое, ки камтар аз 30 овоз гирифтаанд, ба даври дуюм роҳ намеёбанд. Ин давр рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Давраҳои зерин метавонанд то он даме, ки ду довталаби асосӣ боқӣ намонанд, баргузор шаванд.
Премьер-министр Великобритании Борис Джонсон в маске покидает Даунинг-стрит  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Борис Ҷонсон шояд пас аз истеъфо сиёсатро канор гузорад
Зимнан, ҳамаи аъзои ҳизб, ки то ҳол нуфуси онҳо ба 200 нафар баробар аст, аз миёни ду ғолиби интихобот якеро интихоб мекунанд. Раъйдиҳӣ тариқи почта сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 июл сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон эълом дошт, ки ба истеъфо розӣ шудааст, аммо пас аз интихоби муҳофизакорон раҳбари нави ҳизбро интихоб мекунад. Ба ҳамин тариқ, вай то 5 сентябр вазифаи сардори ҳукумати Бритониёро иҷро мекунад.
Қаблан Ҷонсон гуфта буд, ки ҳеҷ як аз номзадҳоро дастгирӣ намекунад, то ба бахти касе осеб нарасонад. Вай инчунин гуфт, ки дар фикри тамоман тарк кардани сиёсат аст.
Лентаи хабарҳо
0