Қурби рубл дар Тоҷикистон боз афзуд

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Рубли русӣ, ки пас аз чанде устуворӣ ҳафтаи қаблиро бо коҳишёбӣ анҷом дода буд, тайи рӯзҳои истироҳатӣ чаҳор сомонӣ бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор барои 12 июл эълон кард, ки қурби рубл пас аз ҳафтаи бебарор боз боло рафтааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, 1000 рубл 170 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки арзи русӣ давоми ҳафтаи қаблӣ 11 сомонӣ коҳиш ёфта, охирин нишондиҳандааш 166 сомонӣ барои 1000 рубл буд.
Пули амрикоӣ бошад, пас аз чанд рӯзи болоравии чашнорас, боз коҳиш ёфтааст. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ як доллар дар сатҳи 10,57 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.51 муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 10,70 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 10,76 сомонӣ барои як евро буд.
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Пешбинии иқтисоддонҳо дар бораи гароншавии доллар
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 160 сомонӣ ва зимни фурӯш 170 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 165 ва дар фурӯш 167 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 169,5 сомонӣ мехараду ба ивази 172,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 165 ва ҳангоми фурӯш 172 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0