Сиёсатмадори ҷавони тоҷик аҳамияти ҳамкорӣ бо Русияро гуфт - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созишномаи ҳамкорӣ миёни сиёсатмадорони ҷавони Тоҷикистону Русия чиро фаро мегирад, чӣ аҳамият дорад ва кадом чорабиниҳои муштарак дар назаранд
Ҷавонони Тоҷикистону Русия аз аҳзоби ҳоким барои табодули донишу таҷриба ва боздиди тарафайни ҳайатҳо созиш кардаанд.
Илҳомҷон Ҳамидиён, намояндаи қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон, созмони “Созандагони Ватан” гуфт, созишномаи ҳамкорӣ бо “Гвардияи ҷавонон”-и “Русияи воҳид” имзо шуд.
Вай дар ҳошияи ҳамоиши ҷавонон, зери унвони "Манжерок" дар Олтой тавзеҳ дод, ин санад амалан наздикшавӣ, табодули таҷриба, омадурафти ҳайатҳо, баҳсу таҳлили муштараки масоили байналмилалиро дар бар мегирад.
"Мо барномаи ҳизбии “Русия воҳид”-ро, ки бо он соли гузашта дар интихобот пирӯз шуд, омӯхтем, хеле ҷолиб аст. Дар маркази барномаи ҳизбии ҳам “Русияи воҳид” ва ҳам ҲХДТ кумак ба мардум меистад", - афзуд ӯ.
Вай зикр намуд, ки Русия барои Тоҷикистон шарики муҳитарини стратегӣ мебошад, ки дар ҳифзи эътидоли байналмилалӣ ва ҳамчунин дӯстию ҳамсоядории нек нақши бузург дорад.
"Молодая гвардия" ва "Созандагони Ватан" дар Олтой дӯст шуданд
Ҳамидиён гуфт, ҳамчунин дар доираи ҳамоиши "Манжерок" бо намояндагони ҳамаи 19 давлати иштирокдор иртибот барқарор кардаанду донишҳои нав гирифтаанд, ки ба манфиати миллат истифода хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0