Дар Тоҷикистон истеҳсоли ду маҳсул афзоиш ёфт

© PixabayТележка для продуктов в супермаркете
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, аксари маҳсулот ба миқдори зиёд истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли баъзе навъҳои озӯқаворӣ зиёд карда шуд.
Чунончи, дар Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ (26,5 %), тухми мурғ (24,5%), мева (12,1 %), гушти мург (11,5 %), ангур (11,5 %), тарбузу харбуза (7,6 %), инчунин ғалладона (5,9 % фоиз) афзоиш ёфтааст.
Вазорати хоҷагии қишлоқ инчунин ҳаҷми маҳсулотеро, ки дар зарфи шаш моҳ истеҳсол карда шудааст, муайян кард.
Бозори гӯшту моҳӣ дар Тоҷикистон фаровон шуд
Дар мамлакат зиёда аз 1145 тонна моҳӣ, 576,1 миллион дона тухм, 116,3 ҳазор тонна мева, 20,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 688 ҳазор тонна ғалла, 2,4 ҳазор тонна ангур, зиёда аз 283 ҳазор тонна тарбузу харбуза истеҳсол карда шуд.
Ин ниҳод ҳамчунин қайд намуд, ки истеҳсолот дар мамлакат дар нимаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст.
Аз ҷумла истеҳсоли пилла (378 тонна) ва асал (607 тонна) коҳиш ёфт.
Истеҳсоли мурғ ва тухм дар Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид
Қаблан дар Тоҷикистон маҳсулотҳои миллиеро номбар карданд, ки дар хориҷи кишвар серхаридоранд. Дар давлатҳои хориҷ асосан меваи хушк, сабзӣ, ангур, карам, лимӯ, хурмо ва чормағзи Тоҷикистонро дӯст медоранд.
Лентаи хабарҳо
0